Девушка во время тренировки по боксу

Барои занони Хуҷанд фитнеси "5 ситора" сохтанд

152
Соҳибкори шаҳри Хуҷанд Шоира Очилова маҷмааи фитнеси занонаи “5 ситора” сохтааст

ДУШАНБЕ, 30 окт — Sputnik. Бино ба иттилои Ҳукумати вилояти Суғд, дар маҳаллаи 34-уми шаҳри Хуҷанд Маҷмааи фитнеси занонаи “5 ситора” ифтитоҳ шуд.

Иншооти мазкур дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон бунёд гардидааст.

“Маҷмааи маазкур бо иқдоми соҳибкори маҳаллӣ Шоира Очилова бунёд гардида, дар он 15 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин шуданд”, - хабар додааст манбаъ.

Дар маҷмаа беш аз 40 намуди дастгоҳҳои варзишӣ насб гардидааст. Ғайр аз ин Маҷмааи фитнеси занонаи “5 ситора” дорои қаҳвахона, ҳаммоми хурд ва ҳуҷраҳои масҳу ороишӣ низ мебошад.

152
Барчаспҳо:
тамрин, машқ, маҷмаа, Хуҷанд, Суғд, Тоҷикистон