Марзбонони тоҷик беш аз 1 ҳазору 300 кило маводи мухаддирро мусодира намуданд

© Sputnik / Гузариш ба медиабонкУничтожение наркотических средств в Таджикистане
Уничтожение наркотических средств в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон дар нӯҳ моҳи соли равон як ҳазору 350 кило маводди мухаддирро мусодира карданд. Дар задухӯрдҳои мусаллаҳона 11 қочоқчӣ нобуд карда, 32 нафари дигар боздошт шудааст.

ДУШАНБЕ, 31 окт — Sputnik. Нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон дар зарфи нӯҳ моҳи соли равон  як ҳазору 350 кило маводди мухаддир мусодира намудааст, иттилоъ додааст хабаргузории ТоҷикТА дар истинод ба Қушнҳои марзбонии КДАМ Тоҷикистон .

Шерхон Салимзода. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Шерхон Салимзода: дар 6 моҳ 628 кило маводи мухаддир мусодира шуд

Бино бар иттилои раиси маркази матбуъотии нирӯҳои марзбонии КДАМ Муҳаммад Улуғхоҷаев, дар ин давра марзбонони Тоҷикистон ҳудуди 87,2 кило ҳероин, 472,5 кило афюн, 605,5 кило ҳашиш, 183,8 кило каннабис ва 127,7 кило анвоъи дигари маводи мухаддирро мусодира намуданд.

Инчунин манбаъ иттилоъ додааст, ки дар зарфи нӯҳ моҳи соли ҷорӣ миёни марзбонони Тоҷикистон ва қочоқчиён 20 задухӯрди мусаллаҳона сурат гирифтааст.

“Дар ин задухӯрдҳо 11 нафар қочоқчӣ аз кушта шуда, 32 нафари дигар боздошт гардидааст. Дар маҷмӯъ дар ин давра 56 ҳолати кӯшиши убури ғайриқонунии марз ҷилавгирӣ карда шудаст.", - иттилоъ додааст нирӯҳои марзбонии КДАМ.

Илова бар ин, марзбонон аз қочоқчиён 21 адад аслиҳа, 119 адад норинҷаку маводди инфиҷории дастӣ, 28 адад корафзорҳои размӣ мусодира намуданд.

Лентаи хабарҳо
0