Президент РФ Владимир Путин, архивное фото

Путин санади нави сиёсати муҳоҷиратии Русияро ба имзо расонид

2867
(Таҷдидшуда 19:01 31.10.2018)
Санади нав - контсепсияи сиёсати муҳоҷиратии Русия тартиботи вуруди шаҳрвандони хориҷӣ ба Русия, ҳуқуқи кору зиндагӣ дар кишвар ва гирифтани шаҳрвандии Русияро пешбинӣ мекунад

ДУШАНБЕ, 31 окт — Sputnik. Владимир Путин, раисҷумҳури Русия хабар додааст, ки консепсияи сиёсати муҳоҷиратии Русияро ба имзо расонид. Ба гуфтаи раисҷумҳур, санад беҳдошти шароити кӯчидани ҳаммеҳанонро ба Русия пешбинӣ мекунад.

“Имрӯз ман  контсептсияи таҳриршудаи сиёсати давлатии муҳоҷиратии Русияро ба имзо расонидам. Санад  беҳдошти шароити кӯчидани ҳаммеҳанонро барои зиндагии доимӣ ба кишвар, таҳияи тартиботи дақиқи қавонини  вуруд, гирифтани ҳуқуқи кору зиндагӣ ва шаҳрвандии Русияро пешбинӣ мекунад”, - изҳор доштааст Путин.

Раисҷумҳур афзудааст, ки барои ҳаммеҳаноне, ки дар хориҷа ғайриқонунӣ таъқиб мешаванд, Русия паноҳгоҳ медиҳад.

“Аммо, таъкид карданиям - вазъият гуногун мешавад. Барои ҳамин, мо аз ҳузури муваққатии онҳо ё доимии онҳо шод хоҳем шуд. Омодаем онҳоеро, ки ғайриқонунӣ таъқиб мешаванд ва зери хатаранд, ҳимоя кунем ва паноҳгоҳ диҳем”, - қайд кард Путин.

Чанде пеш раиси Шӯрои Федератсия Русия Валентина Матвиенко таъкид карда буд, ки Русия тайёр аст ҷузъиёти масъалаи осонгардонии қонунҳои муҳоҷиратро нисбати шаҳрвандони Тоҷикистон баррасӣ кунад.

Дар сатҳи Комиссияи байниҳукуматӣ бо ташаббуси ҳамтоёни тоҷик, масъалаи баррасии сабукиҳо дар қоидаҳои муҳоҷират ба роҳ монда шудааст. Мо омода ҳастем ҳамаҷониба ин масъаларо бо шартҳои судманди тарафайн баррасӣ намоем”, - гуфт Матвиенко ҳангоми оғози кори Анҷумани  байнипарлумолнии Русияву Тоҷикистон дар шаҳри Маскав.

Вай афзуд, ки дар ҳоли ҳозир дар Русия аз 700 то як миллион шаҳрвандони Тоҷикистон фаъолият доранд. Аз ҳисоби интиқоли пули муҳоҷирон се яки ММД Тоҷикистон ташкил меёбад.

Ба гуфтаи Матвиенко, Русия дар тақсими баробари муҳоҷирони корӣ дар минтақаҳо ҳавасманд аст. Барои ҳамин мо бояд ниёзмандии минтақаҳои Русияро дар доираи корӣ таҳлил намоем.

2867
Барчаспҳо:
шаҳрванд, муҳоҷир, Русия, Тоҷикистон