Дождь, архивное фото

Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борону барф дар назар аст

174
(Таҷдидшуда 10:13 01.11.2018)
Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои абрнок шуда, боридани борон ва барф дар назар аст. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар додааст

ДУШАНБЕ, 01 ноя — Sputnik. Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, борон ва дар баландии 3000 м боридани барф дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона +1+6, рӯзона +10+15 ва дар шарқи ин вилоят шабона -2-7 ва рӯзона -0+5 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои абрнок шуда, борон ва дар баландии 2000 м боридани барф дар назар аст. Шамол аз самти ғарб 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 5+10 ва рӯзона 8+13 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои абрнок шуда, боридани борон дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона +6+11 ва рӯзона +9+14 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрнок шуда, борон ва дар баландии 2500 м боридани барф дар назар аст. Ҳарорат шабона ва рӯзона ба 7+12 дараҷа мерасад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, боридани борон дар назар аст. Ҳарорат шабона +7+9 ва рӯзона +11+12 дараҷа гарм мешавад.

174