Председатель Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан Шукурджон Зухуров, архивное фото

Зуҳуров ба Жириновский: вақти он расидааст, ки санадҳои рӯикоғазмонда амалӣ шаванд

420
Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ба раиси ЛДПР гуфтааст, ки байни Тоҷикистону Русия бештар аз 250 санадӣ ҳамкорӣ ба имзо расидаанд, ки баъзе аз бандҳои ин санадҳо имрӯз танҳо рӯи коғаз мондаанд. "Вақти он расидааст, ки ин асноди байнидавлатӣ дубора фаъол карда шуда, ба онҳо нерӯи ҳаётӣ дода шаванд", - изҳор доштааст ӯ

ДУШАНБЕ, 01 ноя — Sputnik. Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо Владимир Жириновский раиси Ҳизби либерал-демократи Русия, ки меҳмони Тоҷикистон аст, мулоқот кард.

Тавре вебгоҳи маҷлис хабар медиҳад, дар мулоқот Шукурҷон Зуҳуров аз санадҳои баимзорасидаи ҳамкории байни Тоҷикистон ва Русия ёдрас шудааст.

Ба гуфтаи ӯ, бархе аз бандҳои ҳуҷҷатҳои ҳамкорӣ танҳо дар рӯйи коғаз мондаанд.

"Аз соли 1992 то имрӯз байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия 250 санади байнидавлатӣ, байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ дар самтҳои гуногуни ҳамкорӣ ба имзо расидаанд", - гуфтааст ӯ.

Мутаассифона, баъзе аз бандҳои ин санадҳо то имрӯз дар рӯи коғаз мондаанд. Ба назари мо, вақти он расидааст, ки ин асноди байнидавлатӣ дубора фаъол карда шуда, ба онҳо нерӯи ҳаётӣ дода шаванд, зеро онҳо бидуни шак барои тақвияти дӯстӣ ва ҳамкории боэътимод байни кишвар ва мардумони мо мусоидат мекунанд, афзудааст раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон.

Ҳамчунин Зуҳуров дар мулоқот масоили ба кор даромдани якумин агрегати нерӯгоҳи Роғун, ҳамкориҳои иқтисодиву гуманитарии Тоҷикистон, омӯзгорони рус дар Тоҷикистон, мавқеи забони русӣ дар кишвар, таҳсили донишҷӯёни тоҷик дар мактабҳои олии кишвар ва муҳоҷиратро баррасӣ кардааст.

Ба иттилои манбаъ, Владимир Жириновский ба Шукурҷон Зуҳуров гуфтааст, Тоҷикистон дорои манобеи бузурги иқтисодӣ, энергетикӣ дар бозори меҳнат мебошад, Русия бошад, дорои имкониятҳои молиявӣ аст.

"Мо бояд ин захираҳоро муттаҳид намоем ва ин ҳам ба манфиати Москва аст ва ҳам ба нафъи Душанбе мебошад", - афзудааст вай.

Раиси ЛДПР ваъда додааст, ки дар ояндаи наздик Ҳизби либерал-демократи Русия барои қабули қонун "Дар бораи мақоми махсуси шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави Русия" ташаббус хоҳад кард.

Дар мулоқот муовини якум ва муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Абдуҷаббор Азизӣ, Хайриниссо Юсуфӣ, раисони кумитаҳо ва вакилони Маҷлиси намояндагон иштирок намудаанд.

420