Выпавший снег стал причиной серьезных пробок в Душанбе

Тирамоҳи сард: имрӯз дар Тоҷикистон бориши борону барф дар назар аст

412
(Таҷдидшуда 10:14 02.11.2018)
Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои абрнок шуда, боридани борон ва барф дар назар аст. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон иттилоъ додаанд

ДУШАНБЕ, 02 ноя — Sputnik. Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрноки тағйирёбанда  шуда, боридани борон ва барф   дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона -2+3, рӯзона  +4+9  ва дар шарқи ин вилоят шабона -7-12   ва рӯзона -2+3 дараҷа гарм  мешавад.

Дар вилояти Суғд  ҳавои абрнок     шуда,  бориши борон ва  барф дар назар аст. Шамол аз самти ғарб 3-8  метр   дар як сония мевазад.  Ҳаво дар водиҳо шабона 0+5  ва рӯзона  2+7   дараҷа гарм мешавад.

.  Дар вилояти Хатлон ҳавои абрнок   шуда,  боридани борон  ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ барф  дар назар аст.  Ҳаво дар водиҳо шабона +4+9 ва рӯзона +7+12   дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрнок шуда,  борон ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ  боридани  барф дар   назар аст. Ҳарорати ҳаво шабона  ва рӯзона  ба  3+8  дараҷа мерасад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, боридани борон  дар назар аст.  Ҳарорат  шабона +3+5  ва рӯзона +6+8  дараҷа гарм мешавад.

412
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон открыл государственный флаг Таджикистана в селе Гозион

Дар ноҳияи Шаҳринав Парчами 55-метрӣ гузошта шуд

77
(Таҷдидшуда 12:50 30.09.2020)
Майдони Парчами давлатӣ дар ноҳияи Шаҳринав дар кӯчаи Исмоили Сомонӣ сохта шудааст. Баландии сутунпояи парчам 55 метрро ташкил медиҳад

ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Исмоили Сомонии ноҳияи Шаҳринав Майдони Парчами давлатиро ифтитоҳ кард.

Бино ба гузориши котиботи раисҷумҳур, масоҳати умумии майдони Парчами давлатӣ, ки дар маркази ноҳияи Шаҳринав сохта шудааст, 2100 метри мураббаъ буда, баландии сутунпояи ин рамзи давлатдорӣ 55 метр мебошад.

Матои парчам 7 метр паҳноӣ ва 15 метр дарозӣ дорад.

Гуфта мешавад, ки майдони Парчами давлатӣ сафолакпӯш карда шуда, бо гулу буттаҳои ороишӣ зебу зинат ёфтааст.

Ҳамчунин, ба хотири таъмини истироҳату фароғати сокинону меҳмонон дар Майдони Парчами давлатии ноҳияи Шаҳринав нишастгоҳҳои замонавӣ ва чароғпояҳои гуногунҳаҷму гуногуншакл насб гардидаанд.

Дар ин майдон ҳамчунин фаввора сохта шудааст.

Дар майдони парчам барои баргузор намудани чорабиниҳои фарҳангиву фароғатӣ шароит фароҳам буда, он барои сайру гашт ва тамошои сокинон макони муносиб мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон аснои ошноӣ, бунёди Майдони Парчами давлатиро дар ноҳияи Шаҳринав дар самти баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву худогоҳии ҷавонону наврасон ва гиромӣ доштани арзишҳои милливу давлатӣ муҳим арзёбӣ кардааст.

77
Барчаспҳо:
парчам, Эмомалӣ Раҳмон, Шаҳринав
Руки в наручниках.

Боздошти зани 20-сола, ки гӯшворҳои тиллоиро аз гӯши кӯдакон медуздид

153
(Таҷдидшуда 11:32 30.09.2020)
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти зани ҷавон, сокини шаҳри Ваҳдат ба гумони ғоратгарӣ хабар медиҳад

ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати корҳои дохилӣ дар ин бора ба ШВКД дар шаҳри Ваҳдат бо ариза зани 48-солаи сокини шаҳри мазкур муроҷиат намудааст.

Ӯ шикоят кардааст, ки рӯзи 24-уми августи соли 2020, тахминан соатҳои 16:00, шахси номаълум бо роҳи зӯроварӣ аз гӯшҳои духтарчаи 7-солааш 1-ҷуфт гӯшвори тиллоиро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

"Зарари расонидашуда 750-сомониро ташкил медиҳад", -  омадаст дар хабарнома.

Ҳамин тавр, дар паи баргузори чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавондухтари 20-солаи сокини ҷамоати деҳоти Б. Бурунови ҳамин шаҳр ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир карда шуд.

Инчунин дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки номбурда санаи 28-уми сентябри соли 2020, тахминан соатҳои 17:30-дақиқа, бо роҳи зӯроварӣ аз гӯшҳои духтарчаи 8-солаи сокини ҳамин шаҳр 1-ҷуфт гӯшвори тиллоиро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

Зарари расонидашуда 1 ҳазору 300-сомониро ташкил медиҳад.

Манбаъ афзуда ки аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

153
Барчаспҳо:
Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, тилло, зани ҷавон, боздошт

Дар Маскав низоми дуркорӣ ҷорӣ шуд

54
(Таҷдидшуда 13:06 30.09.2020)
Ба сокинони солхӯрдаи шаҳри Маскав ва ашхоси гирифтори бемориҳои музмин аз хона баромадан тавсия дода намешавад

ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik. Шаҳрдори Маскав Сергей Собянин низоми дуркориро дар Маскав тамдид кард. Дар ин бора қарори раиси шаҳр баромадааст.

"Аз 28 сентябр ба сокинони солхӯрдаи шаҳри Маскав ва ашхоси гирифтори бемориҳои музмин хонашинӣ ва ба раҳбарияти ташкилоту корхонаҳо ба низоми дуркорӣ гузаронидани коргарон, тавсия дода мешавад", - омадааст дар қарор.

Ба гуфти раиси шаҳр, барои баромадан аз хона ягон намуди ҷарима ҷорӣ намешавад. Кортҳои нақлиётии одамони солхӯрда дар нақлиёти ҷамъиятӣ бекор нашуда, варзиши оммавӣ низ иҷоза дода мешавад.

Ёдрас мешавем, ки вазъияти ҳамагирии коронавирус дар Маскав, рӯз то рӯз бадтар мешавад: ҳолатҳои сабти нави коронавирус бештар мешавад ва теъдоди беморон меафзояд.

Ҳушдори Абдулло Давлатов аз авҷи коронавирус: ба умеди ваксина нашавед

Бино ба гузориши тозаи ситоди фаврӣ, дар шабонарӯзи охир дар 83 минтақаи Русия 8 232 ҳолати нави гирифторӣ ба коронавирус ба қайд гирифта шудааст. Дар умум аз аввали ҳамагирии коронавирус дар Русия 1 167 805 кас мубталои коронавирус шудааст.

Пештар шаҳрдори Маскав Сергей Собянин гуфт, афзоиши шумораи беморони гирифтори COVID-19 дар беморхонаҳо "шӯхӣ" нест ва аз мардум даъват кард, ки нисбат ба саломатии худ эҳтиёткор бошанд ва дар сурати имкон ширкатҳои бузург кормандонашонро ба кори фосилавӣ гузаронанд.

54
Барчаспҳо:
низом, Маскав
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон