Председатель ЛДПР Владимир Жириновский побывал на рынке Мехргон

Жириновскийро дар бозори "Меҳргон" "тӯҳфаборон" карданд (НАВОР)

2917
(Таҷдидшуда 11:51 02.11.2018)
Раиси ЛДПР менависад, ки дар бозор ба ӯ тӯҳфаҳои зиёде тақдим карданд ва ӯ низ бо савдогарон ҳадяҳо дод. Ҳамчунин Жириновский мегӯяд, ки дар бозор маззаи хӯрокҳои лазизи маҳаллиро чашида, бо фурӯшандаҳо савдо кард

ДУШАНБЕ, 2 ноя — Sputnik.  Ҳайъати ҳизби либерал – демократи Русияро  таҳти роҳбарии Владимир Жириновский масъулин ва фурӯшандагони бозори "Меҳргон" дар шаҳри Душанбе бо як шаҳомати хос пешвоз гирифтанд, хабар медиҳад дафтари матбуотии Ҳизби либерал - демократи Русия.

"Жириновский дар рафти боздид аз бозор бо сокинони маҳаллӣ,  фурӯшандагон мулоқот карда, ба сифати маҳсулотҳо баҳои баланд дод ва аз онҳо харидорӣ низ кард", - афзудааст манбаъ.

Манбаъ меафзояд, чанд фурушандаи бозори  "Меҳргон" ба Жириновский чун рамзи эҳтиром тӯҳфаҳо тақдим карданд. Раиси ҳизб низ ба онҳо ҳадяҳо додааст.

Дар ҳамин ҳол, Жириновский дар саҳифаи феусбукиаш низ аз рафти боздидаш аз бозори Душанбе тавсиф карда, гуфтааст, ки дар бозор маззаи хӯрокҳои лазизи маҳаллиро чашид.

 

2917
Барчаспҳо:
Тоҷикистон, Меҳргон, Владимир Жириновский, душанбе