Дидбонгоҳи гумрукӣ, акс аз бойгонӣ

Ҷаримаи Ҳасанов барои воридоти қочоқии яхдону гармкунакҳо ба Тоҷикистон

124
Додгоҳи шаҳри Гулистон Азамат Ҳасанов, сокини ҷамоати деҳоти Ҳ.Усмони ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро дар қочоқи таҷҳизот аз Қирғизистон ба Тоҷикистон гунаҳкор дониста, 25 ҳазор сомонӣ ҷарима баст

ДУШАНБЕ, 02 ноя — Sputnik. Тибқи иттилои Додситони кулли Тоҷикистон, Ҳасанов, бидуни пардохтҳои гумрукӣ тариқи пинҳонӣ  84 адад яхдони тамғаҳои "Авест", "Алмаз", "Мираж", 2 кондитсионери тамғаи "Блеск", 69 гармкунаки барқии тамғаҳои "Никура" ва "Луксел" -и истеҳсоли Қирғизистонро ба Тоҷикистон ворид кардааст.

Манбаъ арзиши умумии моли қочоқиро 136 830 сомонӣ арзёбӣ карда, афзудааст, Ҳасанов бо ин кирдораш ба давлат беш аз 25000 сомонӣ зарари моддӣ расонидааст.

Додгоҳ Ҳасановро дар қочоқи мол гунаҳкор дониста, ба андозаи 500 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, муодили  25000 сомонӣ ҷарима баст.

124