Идораи телевизион дар Суғд, акс аз бойгонӣ

Танқидҳо дар телевизиони Тоҷикистон баъди супориши Президент

1645
Ҳафтаи равон дар барномаи “Ахбор”-и телевизиони Тоҷикистон гузоришҳои таҳлилӣ – танқидӣ низ нашр гардиданд

ДУШАНБЕ, 4 ноя — Sputnik. Дар пайи интиқоди Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон аз зиёд будани барномаҳои таърифӣ дар радио ва телевизионҳои давлатӣ, шабакаи аввали телевизиони кишвар дар барномаи “Ахбор” чанд гузориши таҳлилӣ – танқидиро нашр кард.

Давоми 5 рӯзи гузашта дар барномаи “Ахбор”-и телевизиони Тоҷикистон ҳадди ақал се гузориши таҳлилӣ – танқидӣ нашр гардиданд, ки яке дар бораи кишти нокифояи тирамоҳӣ дар шаҳри Турсунзода таҳия шуда буд. Ба иттилои гузоришгарон бо вуҷуди ҷамъоварии ҳосил ва холӣ будани заминҳо шудгори тирамоҳӣ дар онҳо гузаронда нашудааст.

Гузориши дигар аз партовҳои зиёд дар шаҳри Кӯлоб қисса мекард. Тибқи иттилои гузоришгарон дар пайи саривақт берун набурдани партов дар шаҳри Кӯлоб ғарамҳои зиёди ахлот пайдо шудаанд, ки хилофи меъёрҳои шаҳрдорӣ мебошад.

Масъулини корхонаи хоҷагию коммуналии Кӯлоб бо тасдиқи ҷой доштани ғарами партовҳо дар шаҳр изҳор доштанд, ки ба далели камбуди техника наметавонанд ахлотро пурра ва саривақт аз шаҳр берун бароранд.

Инчунин гузоришгарони “Ахбор” масъалаи ғизои солимро таҳлил карда, суҳбати академик Ғиёсиддин Меҳроҷовро пешниҳод намудаанд.  Академики тоҷик бо таъкиди зарурати истеъмоли дурусти ғизо ва тарзи ҳаёти солим, бо таассуф афзуд, ки гарчанде Тоҷикистон меваҳои шаҳдбор дорад, феълан ба кишвар меваю анвои ғизо аз бархе кишварҳо ворид мегарданд, ки тариқи вайронсозии генетикӣ истеҳсол шудаанд. Ӯ аз ҷумла бархе себҳоеро зикр кард, ки бо вайрон кардани генетикаи дарахт истеҳсол шудаанд. Меҳроҷов зарур хонд, ки таркиби на танҳо мева балки дигар анвои ғизои воридотӣ бояд хуб омӯхта шаванд, то солимии миллат ҳифз гардад.

Нашри гузоришҳои таҳлилию танқидӣ дар барномаҳои “Ахбор” дар ҳоле сурат гирифта истодааст, ки ахиран Эмомалӣ Раҳмон, аз таърифи зиёд дар радио ва телевизиони давлатӣ интиқод намуда, хостори барномаҳои таҳлилию танқидӣ шуд.

“Дар вақти таҳияи барномаҳо мавзуъҳо бояд рангоранг бошанд. Дар ҷомеаи мо мушкилиҳо хеле зиёд аст. Мавзуъ фақат ба шахсияти як роҳбари давлат намеравад. Самтҳо хеле зиёд ҳастанд”, - изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон.

Раисиҷумҳур илова намуд, ки фақат таъриф кардан даркор нест.

“Вақте аз ҳад зиёд ба таърифкунӣ роҳ медиҳем, ба хатогиҳои ҷиддӣ роҳ медиҳем. Камбудиҳоро мо дидаю дониста чашм мепӯшем. Баръакс камбудиро ошкор карда, роҳҳои ҳалли онҳоро ҷустуҷӯ кардан даркор ва он вақт давлат оҳиста-оҳиста рушду тараққӣ мекунад”, - таъкид намуд раисиҷумҳури Тоҷикистон.

1645
Барчаспҳо:
президент, супориш, телевизион, Тоҷикистон
Женщина в защитной маске в городе Душанбе

СУТ аз хатари воридшаии коронавирус аз хориҷ ба Тоҷикистон гуфт

27
(Таҷдидшуда 17:36 03.06.2020)
Коршиносони Созмони ҷаҳонии тандурустӣ аз хатари ҳолатҳои нави воридшавии коронавирус аз хориҷ ба Тоҷикистон гуфт

ДУШАНБЕ, 3 июн — Sputnik. Доктор Олег Стороженко, иштирокдори ҳайъати СУТ дар Тоҷикистон, корманди штаби мутобиқатии назорати пандемияи КОВИД-19 дар сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон вазъи паҳншавии коронавирус дар Афғонистон ва таъсири он ба Тоҷикистонро тавзеҳ дод.

Коршинос таъкид кард, ки аз ҳамсоякишварҳои Тоҷикистон на танҳо Афғонистон, балки дигар ҷумҳуриҳо ба мушкилии коронавирус дучоранд ва ҳамарӯза дар онҳо ҳолатҳои нави сироятёбӣ ба қайд гирифта мешавад.

"Ҳангоми боздид аз Тоҷикистон мо имконият доштем, ки чанд гузаргоҳро назорат кунем. Дар онҳо тамоми меъёрҳои лозима риоя мегардиданд, қавонини байналмилалии тиббиву санитарӣ санҷида шудаанд.  Ин чораҷӯиҳо дар сарҳад хуб аст, аммо кофӣ нест. Бояд вазъ дар марз ва дохили кишварро доим назорат бурд", - мегӯяд коршинос.

Намояндаи СУТ афзуд, ки бояд маълумот дар бораи паҳншавии коронавирус дар Тоҷикистон дастрас бошад. Хусусан бояд аз минтақаҳои марзӣ ба монанди Помир, ки бо Афғонистон ҳамсарҳад ас хабардор буд.

Стороженко таъкид кард, ки дар мубориза бо коронавирус таҳлили вазъ муҳим аст: вазъи хадамоти лабараторӣ ва муассисаҳои тиббӣ бояд санҷида шаванд.

Коронавирус ба буҷаи шаҳри Хуҷанд таъсир кард: шаҳр ба мушкилоти муваққатӣ рӯ ба рӯ шуд

 

27
Оби зулол расширяет производство

"Оби Зулол" хатҳои нави истеҳсолӣ фаъол мекунад

41
(Таҷдидшуда 17:12 03.06.2020)
Ҳангоми пурра ба кор андохтани хатҳои нави истеҳсолӣ, ки дар маҷмӯъ ба маблағи 2,5 миллион евро харидорӣ шудаанд, имкон пайдо мешавад, ки ба маблағи 120 миллион сомонӣ маҳсулоти иловагӣ истеҳсол ва беш аз 50 ҷойи корӣ таъсис дода шавад

ДУШАНБЕ, 3 июн - Sputnik. Масъулини Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи "Оби Зулол" бо воридсозии хатҳои нави технологӣ тасмим доранд истеҳсоли маҳсулоти ғизои бачагона ва афшураҳоро ба роҳ монанд, хабар медиҳад мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд.

Гуфта мешавад, ки зимни боздиди раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз корхонаи мазкур иттилоъ дода шуд, ки ҶСП "Оби зулол" бо мақсади саҳмгузорӣ дар раванди саноатикунонии мамлакат аввалин шуда, истеҳсоли маҳсулоти хӯроквории ғизои кӯдаконро дар зарфҳои "Дой-пак" ба роҳ хоҳад монд.

Бо ин мақсад корхона аз ширкати "Navatta Group"-и Италия хатти технологии "GUALAPACK"-ро ба маблағи қариб 700 ҳазор евро харидааст. Айни замон насби хатти технологӣ идома дошта, тавассути таҷҳизоти нав дар зарфҳои "Дой-пак" аз меваҳои себ, шафтолу, нок, қулфинай маҳсулот истеҳсол карда мешавад.

Дар назар аст, ки барои кӯдакон, наврасони синни томактабӣ ва ҷавонон омехтаи меваҳои пухтасоидашуда ё смузи аз гулчини меваҳо, олу, себ, шафтолу, биҳӣ, нок ва барои гурӯҳи васеи истеъмолкунандагон нок, олу, анор, олуча бо мағзи ин меваҳо истеҳсол карда шавад.

Ашёи хоми асосӣ барои маҳсулоти истеҳсолшаванда хамираи меваҳои ватанӣ маҳсуб ёфта, корхона бо хоҷагиҳо барои харидории 20 ҳазор тонна мева шартнома бастааст.

Ҳангоми пурра ба кор андохтани хатҳои нави истеҳсолӣ, ки дар маҷмӯъ ба маблағи 2,5 миллион евро харидорӣ шудаанд, имкон пайдо мешавад, ки ба маблағи 120 миллион сомонӣ маҳсулоти иловагӣ истеҳсол ва беш аз 50 ҷойи корӣ таъсис дода шавад.

Маҳсулоти истеҳсолшаванда тибқи нақша ба бозорҳои дохилӣ бароварда шуда, ҳамзамон ба Русия ва Қазоқистон содирот карда мешавад.

Пас аз шоӣ бо ҷараёни насби таҷҳизот Раиси вилоят барои пурра ба анҷом расонидани корҳо ба роҳбарияти корхона тавсияҳои судманд дод.

41
Барчаспҳо:
Тоҷикистон, Суғд