Корона Сомони

Баъд аз борону барф Тоҷикистонро ҳавои беборишу тағйирёбанда интизор аст

295
(Таҷдидшуда 09:50 05.11.2018)
Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст

ДУШАНБЕ, 5 ноя — Sputnik.  Бино бар иттилои Ожонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда дар назар буда, шабона +1  ва рӯзона  +12  дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои бебориш дар назар буда, ҳарорат шабона аз -2 то +3 ва рӯзона аз 7 то +12 дараҷа мерасад.

Дар ВМКБ ҳаво тағйирёбандаи бебориш  шуда,  дар шарқи вилоят шабона  аз 9 то -7   ва рӯзона аз -1 то +1 дараҷа гарм  мешавад.

Дар вилояти Суғд  ҳавои бебориш пешгӯӣ    шуда,  ҳаво дар водиҳо шабона +3  ва рӯзона  +11  дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳаво тағйирёбандаи бебориш шуда, дар водиҳо шабона +4 ва рӯзона аз +13 то +5   дараҷа гарм хоҳад шуд.

295
Барчаспҳо:
борону барф, бебориш, тағйирёбанда, обу ҳаво, Тоҷикистон