Поврежденный в результате ДТП автомобиль, архивное фото

Марги ду мусофир дар садамаҳои нақлиётӣ

215
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хабар додааст, ки дар натиҷаи садамаҳои нақлиётии рӯзи 2 ноябри соли равон ду мусофир ба ҳалокат расида чанд нафари дигар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд

ДУШАНБЕ, 5 ноя — Sputnik.   Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВУД Тоҷикистон, рӯзи 2-юми ноябри соли равон, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Шерданқулов Аскарбек, соли таваллудаш 1997, сокини ноҳияи Ҷ.Балхӣ, аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи “Опел-Вектра” бархӯрдааст.

Ба гуфтаи манбаъ,  ҳодисаи мазкур ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Душанбе-Бохтар-Панҷи-поён”, дар ҳудуди деҳаи Ленинград сар задааст.  

Дар натиҷа, мусофири автомашинаи тамғаи “Опел-Вектра” Сайдуллоева Ҳарамбӣ, соли таваллудаш 1964, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст. 

Инчунин ба иттилои манбаъ, худи ҳамон рӯз, тахминан соати 18:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Деу-Сиело”, Алиев Сафар, соли таваллудаш 1991, сокини ноҳияи Кӯшониён, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Бохтар ба самти ноҳияи Ҷ.Балхӣ, дар ҳудуди ноҳияи Вахш аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, таҳти идораи ронанда, Анақулов Даврон, соли таваллудаш 1990, сокини ноҳияи Ёвон бархӯрдааст. 

Дар натиҷа, мусофири автомашинаи тамғаи “Деу-Сиело” Шерапиддинов Низомиддин Раҳмонбердиевич, соли таваллудаш 1991, сокини ноҳияи Дӯстӣ, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст. 

Ронандаи автомашинаи тамғаи “Деу-Сиело” Алиев С.М. ва мусофираш, Тоҷиев Аслан, соли таваллудаш 1991, сокини ноҳияи Дӯстӣ, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд. 

Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон ҳодисаҳои мазкурро мавриди таҳқиқ қарор додааст.

 

215
Барчаспҳо:
мусофирон, марг, ҳалокат, ВУД ҶТ, садама, Тоҷикистон