Конституция республики Таджикистан, архивное фото

Имрӯз Тоҷикистон Рӯзи Сарқонунро ҷашн мегирад

71
Имрӯз 6 ноябр дар Тоҷикистон Рӯзи Сарқонун ҷашн гирифта мешавад, ки мувофиқи Қонуни кишвар “Дар бораи рӯзҳои ид” рӯзи истироҳат дониста мешавад

ДУШАНБЕ, 5 ноя — Sputnik. Имрӯз бахшида ба ҷашни 24-умин солгарди қабули Сарқонуни Тоҷикистон бо қарори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ, дар ҳамаи боғҳои фарҳангу истироҳати пойтахт барномаҳои оммавии фарҳангӣ, консертҳои устодони санъат ва намоишгоҳҳои ҳунарҳои мардумӣ баргузор мегардад.

Инчунин дар доираи барномаҳои ҷашнӣ дар пойтахт таҳти унвони “Конститутсия – сарчашмаи соҳибистиқлолии миллат ва пойдории давлати миллӣ” конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор хоҳад шуд.

Барои баргузории конфронси мазкур аз ҳисоби фонди захиравии раиси пойтахт наздик ба 11 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо мешавад.

Ҳамчунин бо қарори Раёсати маорифи шаҳри Душанбе ба муносибати ин ҷашн байни хонандагони синфҳои болоии мактабҳои таҳсилоти умумӣ дар мавзӯи “Конститутсияи Тоҷикистон дар тақдири насли ман” озмуни иншонависӣ гузаронида мешавад.

Ҳукумати шаҳр барои ғолибони ин озмун туҳфаҳои хотиравӣ тақдим мекунанд.

6 ноябри соли 1994 - дар натиҷаи райпурсии умумихалқӣ Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Баъдтар, вобаста ба тағйир ёфтани вазъи сиёсиву ҷамъиятии мамлакат дар натиҷаи райпурсии умумихалқӣ – 26 сентябри соли 1999 ва 22 июни соли 2003 ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 1994) тағийроту иловаҳо ворид карда шудаанд. 22 майи соли 2016 дар Тоҷикистон раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар натиҷаи ворид кардани тағйирот, калимаи Сарқонун аз байн гирифта шуда, минбаъд Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон боқӣ монда шуд.

6 ноябр - тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи рӯзҳои ид", рӯзи истироҳат муқарар шудааст.

71
Барчаспҳо:
пахши барномаҳо, душанбе, таҷлили иди Конститутсия, Конститутсия, рӯзи сарқонуни ҶТ, рӯзи Сарқонун, Тоҷикистон
Молния в небе

Фавти ноболиғи 16 - сола аз оташак дар Панҷакент: подабонӣ рафт

117
(Таҷдидшуда 14:21 15.07.2020)
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз рух додани офати табиӣ дар вилояти Суғд хабар медиҳад, ки ҷони ноболиғи 16 - соларо рабуд

ДУШАНБЕ, 15 июл — Sputnik. Оташак дар вилояти Суғд ҷони як кудаки 16 - соларо гирифт, хабар медиҳад КҲФ Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, ҳодисаи нохуш дар ҷамоати деҳоти Моғиёни шаҳри Панҷакент рух дод. Навраси 16 - сола ба хотири нигоҳубини чорва ба айлоқ рафт ва дар соати муайяншуда ба хона барнагашт.

Раъду барқ ва борон: пешгӯии дақиқи ҳавошиносон барои имрӯз

Дер омадани ӯ боиси нигаронии волидонаш шуда, онҳо ба хотири пайдо кардани фарзанди худ ба кормандони наҷот муроҷиат карданд.

Манбаъ меафзояд, наҷотбахшон бо гузашти як шабонарӯз ҷисми беҷони ноболиғро пайдо карданд ва мақомоти дахлдор таслим намуданд.

Муайян карда шуд, ки ноболиғ бар  асари оташак ҷон аз даст додааст.

117
Барчаспҳо:
ҳалокат, ноболиғ, раъду барқ, Панҷакент
Нефть

Саридораи геологияи гуфт, дар Тоҷикистон чи қадар кони нафту газ аст

79
Саридораи геологияи назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи конҳои нафту гази кишварро номбар кард

ДУШАНБЕ, 9 июл – Sputnik. Дар Тоҷикистон 24 кони нафту газ мавҷуд аст, гуфт сардори Саридораи геологияи назди ҳукумати кишвар Илҳомҷон Оймуҳаммадзода зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе.

Ба гуфтаи Оймуҳаммадзода, то имрӯз бо 17 ширкат шартномаҳо оид ба истифодаи сарватҳои зеризаминӣ баста шудаанд.

Вай қайд кард, ки пас аз ҳамоҳангсозӣ бо вазорату идораҳо Саридораи геологияи Тоҷикистон чаҳор лоиҳаро барои баррасӣ ба ҳукумат барои ҳуқуқи гузаронидани корҳои иктишофи геологӣ пешниҳод кард.

Оймухаммадзода илова намуд, ки дар шаш моҳи аввали соли 2020 Саридораи геология дар доираи 22 лоиҳа таҳқиқотщои зериразминӣ гузаронидааст.

Корҳо оид ба ҷустуҷӯи конҳои металлҳои сиёҳ, ранга, қиматбаҳо ва нодир, сангҳои нимқиматбаҳо ва ороишӣ анҷом дода шуданд.

79
Министр транспорта Республики Таджикистан Худоёрзода Худоёр Завкибек

Вазири нақлиёт пулакӣ кардани роҳро муфид гуфт

18
(Таҷдидшуда 16:52 15.07.2020)
Худоёр Худоёрзода, вазири нақлиёти Тоҷикистон, мегӯяд, пулакӣ кардани роҳҳо дар ҷумҳурӣ муфид аст ва кори ширкати роҳбони IRS-ро далел овард

ДУШАНЕБ, 15 июл – Sputnik. Худоёрзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ эҳтимоли пулакӣ шудани роҳи Душанбе – Бохтар, яке аз роҳҳои калидии кишварро, ки феълан дар ҳоли навсозӣ аст, шарҳ дод.

Ба иттилои вазири нақлиёти Тоҷикистон, пулакӣ шудани роҳи Душанбе – Бохтар танҳо баъди ба итмом расондану ба истифода додани он баррасӣ мешавад.

Ӯ дар маҷмуъ ҷонибдорияшро аз пулакӣ кардани роҳ баён дошта, гуфт, аз як ҷиҳат пулакӣ шудани роҳ хуб аст.

Худоёрзода роҳи Душанбе – Хуҷандро мисол овард, ки чӣ қадар техникаи ҳозиразамон дорад, саривақт аз таъмири асосӣ гузаронда мешавад. Ӯ таъкид намуд, ки чунин ҳолат барои иштирокдорони ҳаракат дар роҳ низ аз як ҷиҳат фоидаовар мебошад.

Қаблан гуфта мешуд, ки роҳи Душанбе – Бохтар пурра соли 2022 ба истифода дода мешавад. Аммо ба иттилои вазири нақлиёт, дар пайи хуруҷи коронавирус дар сохтмони роҳи Душанбе – Бохтар низ бархе мушкилот пеш омадаанд.  Ба гуфтаи ӯ, аз мутахассисони дармонда дар Чин ҳудуди 40 нафарашон дар роҳи Душанбе – Бохтар кор мекарданд.

18
Барчаспҳо:
пул, роҳ, нақлиёт, Худоёр Худоёрзода, Тоҷикистон