Книга, архивное фото

Беҳтарин китобхонҳои вилояти Суғд эълон шуданд

62
(Таҷдидшуда 16:31 06.11.2018)
Дар толори Китобхонаи вилоятии ба номи Тошхоҷа Асирӣ дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд даври ниҳоии озмуни вилоятии “Беҳтарин хонандаи китобҳои бадеӣ дар соли 2018” дар ду бахш – мактаббачагон ва донишҷӯён баргузор гашт

ДУШАНБЕ, 6 ноя — Sputnik. Бино ба иттилои ҳукумати вилояти Суғд, аз рӯйи баҳогузории ҳакамон дар бахши хонандагон ҷойҳои якум, дуюм ва сеюмро Ҳошимова Меҳринисо -хонандаи Литсейи физикӣ-математикии №1 ба номи М.Осимии шаҳри Хуҷанд, Қурбонбоев Ҷамшед - хонандаи Гимназияи “Кавсар”-и шаҳри Хуҷанд ва Алиқулова Ситора - хонандаи МТМУ №1-и шаҳри Гулистон соҳиб гаштанд.

Ба иттилои манбаъ, дар бахши донишҷӯён ҷойи аввалро Қодирзода Оростамоҳ - донишҷӯи соли сеюми таҳсили факултаи сиёсатшиносии ДДҲБСТ,  ҷойи дуюмро Содиқова Парвина - донишҷӯи факултаи филологияи тоҷики ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва ҷойи сеюмро Ахмедҷонова Ирода -донишҷӯи факултаи забон ва адабиёти руси ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ишғол намуданд.

Тавре аз маъмурияти китобхона иттилоъ додааст, туҳфаҳо ба ғолибону фаъолони озмун рӯзҳои наздик дар маҷлиси тантанавӣ аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд супорида мешавад.

Ёдрас мешавем, ки озмуни мазкур дар асоси қарори Раиси вилояти Суғд бо мақсади ҷалби бештари наврасону ҷавонон ба китобхона ва китобхонӣ, тарғиби ғояҳои олии худшиносию худогоҳӣ, ҳифзу гиромидошти анъанаҳои неки ниёгон нисбат ба китобу арзишҳои маънавӣ эълон шуда буд.

62
Барчаспҳо:
донишҷӯ, мактаб, беҳтарин, китобхонӣ, Суғд, Тоҷикистон