Роддом в городе Ашт

Дар таваллудхонаи Понғоз аз беморон 50-сомонӣ ҷамъ мекунанд

215
Гуфта мешавад, бо вуҷуди пулҷамъкунӣ таваллудхона дар ҳоли хароб қарор дорад. Беморон бояд аз кӯрпа то қошуқро бо худ гиранд. Дар ҳуҷраи таваллуд танҳо як кат, тарозу ва чанд миз ба назар мерасад. Дар ҳолатҳои таъҷилӣ пизишкон беморро маҷбур ба беморхонаи марказии ноҳия интиқол медиҳанд

ДУШАНБЕ, 7 ноя — Sputnik. Дар ду шӯъбаи таваллуди беморхонаи ҷамоати деҳоти Понғози ноҳияи Ашт барои таъмири бинои таваллудхона аз беморон 50-сомонӣ пул мечинанд, хабар медиҳад хабарнигори Sputnik Тоҷикистон дар минтақа.

Бино бар иттилои манбаъ, бо вуҷудӣ пулчинӣ таваллудхона дар ҳолати хароб қарор дорад.

"Дар ҳуҷраи таваллуд танҳо як кат, тарозу ва чанд миз ба назар мерасад. Дар ҳолатҳои таъҷилӣ пизишкон беморро маҷбур ба беморхонаи марказии ноҳия интиқол медиҳанд", - менависад манбаъ.

Гуфта мешавад, ба назар мерасад, ки дару девор ва тирезаҳои беморхонаро ба наздикӣ ранг кардаанд. Бо фарорасии сардиҳо дар ҳуҷраҳо бухорӣ насб карда бошанд ҳам, беморон аз кӯрпа то қӯшақашонро бо худ мегиранд.

Роддом в городе Ашт
© Sputnik / Стрингер
Роддом в городе Ашт

Аз аввали сол дар ҷамоати Понғоз як ҳолати фавти модару кӯдак ба қайд гирифта шудааст. Бино бар иттилои манбаи огоҳ аз қазия, кӯдаке худро ба шиками модари ҳомиладораш партофтааст, ки дар натиҷа нофи кӯдаки батни модар канда шуда, модар ва тифл ба ҳалокат расидаанд.

Ноҳияи Ашт дар шимоли Тоҷикистон дар 107-ум километрии шаҳри Хуҷанд ҷой гирифтааст. Маркази ноҳия шаҳраки Шайдон буда, Ашт аз нӯҳ ҷамоат иборат аст.

215