Штангист перед подходом. Архивное фото

"Допинг" ё раводид: варзишкорони тоҷик аз Қаҳрамонии ҷаҳон монданд

200
(Таҷдидшуда 18:55 07.11.2018)
Вазнбардорони тоҷик натавонистанд, дар Қаҳрамонии ҷаҳон дар Ишқобод иштирок кунанд. Ҳарчанд мутахассисон мегӯянд, ки маъмулан варзишкорони тоҷик бо мушкилии роҳкиро рӯ ба рӯ мешаванд, далели аз мусобиқа мондани онҳо ба даст наовардани раводид гуфта мешавад

ДУШАНБЕ, 7 ноя — Sputnik. Дар Ишқободи Туркманистон Ҷоми варзнбардории ҷаҳон-2018  баргузор мегардад, ки дар он қариб 800 варзишкор аз 100 кишвари дунё иштирок мекунанд.

То лаҳзаҳои охирон маълум набуд, ки оё варзишкорони тоҷик дар ин мусобиқа иштирок мекунанд ё не. Аммо, мутаассифона дар рӯйхати Федератсияи байналмилалии варзиши вазнин (IWF) исми варзишкорони тоҷик қайд нашудааст.

Бино бар иттилои федератсия  вазнбардорони тоҷик натавонистаанд ба Туркманистон раводид пайдо кунанд.

 Соли 2015 Шӯрои иҷроияи Федератсияи байналмилалии варзиши вазнин (IWF) тими Тоҷикистонро аз ҳаққи ширкат дар мусобиқаи Ҷоми ҷаҳон-2016 дар Рио-де-Женейра маҳрум карда буд.

Шӯрои иҷроияи ин ниҳоди ҷаҳонии масъули танзими мусобиқоти байналмилалии варзиши вазнин гуфта буд, ки варзишкорони тоҷик ҳуҷҷатҳои аз ташхиси допинг (доруҳои нерӯбахш) гузаштаашонро насупурдаанд.

Аммо Бобохон Сангов, котиби Федератсияи варзиши вазнини Тоҷикистон, тавзеҳ дод, ки онҳо  бо далели мушкили маблағ натавонистаанд дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон иштирок кунанд.

Мувофиқи баъзе хабарҳо, Федератсияи варзиши вазнин ба вазнбардорони тоҷик маълумоти лозимаро пешниҳод накардааст ва инчунин барои онҳо шароит муҳайё накардааст, ки онҳо дар Ҷоми ҷаҳон-2018 дар Ишқобод иштирок карда тавонанд. Мураббиён мегӯянд, ки боз ҳам аз норасоии маблағи роҳкиро варзишкорон ба мусобиқа рафта натавонистанд.

200
Барчаспҳо:
допинг, федератсияҳои варзишӣ, варзиш, Тоҷикистон