Заключенные в исправительной колонии, архивное фото

Чанд милисаро ҳам куштанд: мақомот хабари ошӯб дар зиндони Хуҷандро тасдиқ кард

2517
Дар яке аз зиндонҳои шаҳри Хуҷанд маҳбусон ошӯб бардошта, зиндонро тасарруф карданд. Онҳо яроқи посбонони зиндонро кашида гирифта, чанд милисаро куштаанд. Гуфта мешавад, бештар аз 10 зиндонӣ низ кушта шудаанд. Феълан ошӯб пахш карда шуда,сабабҳои он маълум карда мешавад

ДУШАНБЕ, 8 ноя — Sputnik. Дар пайи ошӯб ва задухӯрд дар зиндони шаҳри Хуҷанд чанд корманди милиса ва зиндониён кушта шуданд, хабар медиҳад як  манбаъ  аз сохторҳои қудратӣ дар вилояти Суғд  ба Sputnik Тоҷикистон.

Бино бар иттилои манбаъ, ошӯб дар яке аз зиндонҳои низомаш шадиди шаҳри Хуҷанд шаби чаҳоршанбе сурат гирифтааст.

Маҳбусон яроқи посбононро тасарруф карда, чанд милисаро куштаанд. Нерӯҳои амниятӣ ба ҷойи ҳодиса расида, ошӯбро пахш кардаанд.

"Ошӯб дар зиндони рақами 3 шаҳри Хуҷанд сурат гирифтааст. Дар пайи он 5 корманди мақомот низ кушта шуданд", - мегӯяд манбаъ.

Дар ҳамин ҳол,  РИА Новости дар истинод ба манбаи худ ҷузъиёти задухӯрд дар зиндони шаҳри Хуҷандро нашр кардааст.

Бино бар иттилои манбаъ, яке аз маҳбусон ки ба ҷурми узвият ба гурӯҳи ДОИШ зиндон шуда будааст, силоҳи яке аз посбонони зиндонро кашида гирифта, ба тарафи дигар кормандони милиса оташ кушодааст. Зиндониён як корпуси зиндонро тасарруф кардаанд.

Нерӯҳои амниятӣ ба ҷойи ҳодиса расида, ошӯбро пахш карданд.

Як манбаъ аз Вазорати адлияи Тоҷикистон гуфтааст, "дар ҷойи ҳодиса гурӯҳи махсуси тафтишотӣ кор мекунад ва сабабҳои ошӯб муайян карда мешавад".

Наздикони маҳбусоне, ки дар зиндони рақами 3-и шаҳри Хуҷанд қарор доранд аз хабари ошӯб дар зиндон нигарон шудаанд. Ҳувияти кушташудагон маълум нест. Камубеш аз 13 зиндонӣ қурбони ин ҳодиса гаштаанд.

2517