Огоҳии Рустам Эмомалӣ ба роҳбарони корхонаҳо: фаъолиятатонро барқарор кунед

© Сайт мэрия ДушанбеМэр города Душанбе Рустам Эмомали
Мэр города Душанбе Рустам Эмомали - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раиси шаҳри Душанбе барои баррасии фаъолияти корхонаҳои хусусии шаҳри Душанбе гурӯҳи корӣ созмон додааст. Тибқи қарори вижаи шаҳрдор ба роҳбарони корхонаҳо то моҳи май мӯҳлат дода мешавад, ки фаъолияти корхонаҳои харидаашонро барқарор кунанд. Дар акси ҳол коргоҳҳо бозпас гирифта мешаванд

ДУШАНБЕ, 8 ноя — Sputnik. Раис шаҳри Душанбе Рустам Эмомалӣ ба тасвиби қароре барори баррасии фаъолияти корхонаҳои хусусикардашуда гурӯҳи корӣ ташкил кард.

Бино бар иттилои дафтари матбуоти шаҳрдории Душанбе мақсад аз  таъсиси гурӯҳи мазкур   ба роҳ мондани ҳамкорӣ, фароҳам овардани шароити мусоиди фаъолияти истеҳсолии корхонаҳои хусусигардонидашудаи пойтахт ва таъмин намудани талаботи мардум бо молҳои ватанӣ, кор ва хизматрасонӣ  мебошад.

Гурӯҳи корӣ вазифадор гардидаанд, ки  ҷиҳати таҳлили вазъи фаъолият ва ба кор даровардани корхонаҳои хусусигардонидашудаи  пойтахт, инчунин ташкил намудани ҷойҳои нави корӣ  тадбирҳои зарурӣ  андешанд.

Ҳамчунин  Раиси шаҳр бо ин қарор ба масъулин  супориш дод, ки ба  роҳбарони корхонаҳои хусусигардонидашудаи шаҳри Душанбе  ҷиҳати барқарор ва тибқи таъйинот ва мақсад истифода бурдани корхонаҳои зикргардида, қитъаҳои замини ба онҳо вобасташуда барои дар муддати 6 моҳ (то 1 апрели соли 2019) ислоҳ кардани камбудиҳо огоҳнома ирсол намоянд.

Дар сурати барқарор накардани фаъолияти корхона ва мувофиқи мақсад истифода набурдани қитъаҳои замини ба онҳо вобасташуда масъалаи ба манфиати давлат бозпас баргардонидани корхона ва қитъаи заминро дар асоси талаботи қонунгузории ҷумҳурӣ дида баромада мешавад.

 Гурӯҳи корӣ инчунин вазифадор гардидааст, ки  аз натиҷаи иҷрои корҳо  то 1 майи соли 2019 маълумоти муфассал пешниҳод намояд.

Лентаи хабарҳо
0