Бо ҳодисаҳои Бадахшон рабт надорад: Хадамоти алоқа далели масдуди шабакаҳои иҷтимоиро гуфт

© Sputnik / Наталья Селиверстова / Гузариш ба медиабонкСоциальные сети
Социальные сети - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар Тоҷикистон шабакаҳои иҷтимоии Фейсбук, Одноклассники, Ютуб ва дигар мессенҷерҳоро масдуд карданд. Инчунин дар истифодаи Вайбер, Вотсап ва Телеграм низ маҳдудиятҳо ба назар мерасанд

ДУШАНБЕ, 8 ноя — Sputnik. Хадамоти алоқаи Тоҷкистон далели масдуд шудани шабакаҳои иҷтимоиро дар Тоҷикистон сабабҳои техникӣ хонда, афзудааст, ки он бо ҳодисаҳои Бадахшон рабте надорад. Дар ин бора хабаргузории ТоҷикТА иттилоъ медиҳад.

Тавре сокинони Бадахшон гуфтаанд, пас аз ҳодисаи гирдиҳамоиҳои эътирозӣ дар Хоруғ, фаъолияти шабакаҳои иҷтимоии Фейсбук, Одноклассники, Ютуб ва дигар мессенҷерҳо дар минтақаъ қатъ шудаанд.

"Маҳдудиятҳо дар истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ бо сабабҳои техникӣ ҷой дошта, бояд рӯзҳои наздик бартараф шаванд”, - гуфтааст масъуле аз хадамот.

Бино бар иттилои корбарони шабакаҳои иҷтимоии Тоҷикистон, дар кишвар аз 6-уми ноябр шабакаҳои иҷтимоии Фейсбук, Одноклассники ва Ютуб  масдуд карда шуданд. Инчунин дар истифодаи Вайбер, Вотсап ва Телеграм низ маҳдудиятҳо ба назар мерасанд.

Ёдовар мешавем, ки гуруҳи сокинони Хоруғ 6 ноябр бо талаби муҷозоти гунаҳкори тирпарронӣ дар маркази шаҳр гирди ҳам омада буданд.

Ёдгор Файзов, иҷрокунандаи раиси ВМКБ ба ҷамъомадагон гуфта буд, ки барои таҳқиқи тирпаронии шаби 4 ноябр комиссияи махсус ташкил мегардад.  Бо пешниҳоди раиси ВМКБ дар назар аст, ки иштирокдорони қазия дар идораи милиса рӯбарӯ мешаванд, фарзияи ҷонибҳо шунида ва асли қазия таҳқиқ мегардад. Масъулин ба ҷамъомадагон изҳор доштаанд, ки тайи рӯзҳои наздик хулоса ироа хоҳад шуд. 

Лентаи хабарҳо
0