Хусайн Мусозода, имам центральной мечети города Худжанд

Бар Пешво гӯям сано: сархатиби масҷиди Хуҷанд бар васфи "Роғун" шеър навишт

819
Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода дар ду шеър нерӯгоҳи Роғунро васф карда, ифтитоҳи агрегати аввали онро ба мардуми Тоҷикистон муборак гуфтааст. Ӯ нерӯгоҳро бо ибораҳои "бар дарди миллат даво" ва "ифтихори миллат" ситоиш карда, барои ифтитоҳи он "бар Пешво сано" гуфтааст

ДУШАНБЕ, 8 ноя — Sputnik. Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода, сархатиби масҷиди ҷомеаи марказии шаҳри Хуҷанд, муовини раиси Шӯрои улумои Маркази исломии Тоҷикистон дар ду шеъраш нерӯгоҳи Роғунро васф кардааст.

Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода дар ду шеър нерӯгоҳи Роғунро васф карда, ифтитоҳи агрегати аввали онро ба мардуми Тоҷикистон муборак гуфтааст. Ӯ нерӯгоҳро бо ибораҳои "бар дарди миллат даво" ва "ифтихори миллат" ситоиш карда, барои ифтитоҳи он "бар Пешво сано" гуфтааст.

Эҷодиёти сархатиби тоҷик дар вебгоҳи Кумитаи дини Тоҷикистон мунташир шудааст.

Эй шаҳри Роғун – шаҳри нур, аз ту расад бар мо сурур,
Аз ифтитоҳ омад нидо: Роғун муборакбод бод!
Ту ифтихори миллатӣ, аз баҳри мо ту нусратӣ,
Аз дил бигӯям: Марҳабо, Роғун муборакбод бод!
Андар барат баҳри азим, дар байни кӯҳсори қадим,
Пешвои миллат раҳнамо, Роғун муборакбод бод!
Шодӣ диҳад бар хосу ом нерӯи барқи мустадом,
Бар дарди ин миллат даво, Роғун муборакбод бод!
Аз баҳри осоиш ба мо андар дили ин кӯҳҳо,
Шуд Пешво худ муқтадо, Роғун муборакбод бод!
Бо азми неку, эй Ҳусайн, бо Пешво ҳамроҳ бош
Дар ҷодаи нуру сафо, Роғун муборакбод бод!
Дар дил муҳаббат баҳри халқ, фардои миллат дар назар,
Бар Пешво гӯям сано, Роғун муборакбод бод!

Неругоҳи барқи обии "Роғун" дар силсилаи неругоҳҳои рӯди Вахш аз боло нуҳум буда, дар минтақаи 110 километр дуртар аз шаҳри Душанбе ҷойгир аст. Неругоҳ аз 6 чарха иборат аст, ки иқтидори ҳар кадом 600 мегаваттро ташкил медиҳад.

Сарбанди неругоҳи  бо баландии 335 метр баландтарин садди заминӣ (гиливу сангӣ) дар ҷаҳон ба ҳисоб рафта, бо иқтидори 3600 мегаватт (беш аз 17 миллиард киловатт — соат) калонтарин неругоҳи барқи обӣ дар минтақа хоҳад буд.

Ин рақам нисбат ба иқтидори истеҳсолии неругоҳи барқи обии "Норак" якуним баробар зиёд мебошад. Барқи аз ҷиҳати экологӣ тозаи неругоҳ имконият медиҳад, ки эҳтиёҷоти ба барқ доштаи Тоҷикистон комилан қонеъ гардида, он барои инкишофи иқтисодиёти кишвар такон бахшад.

Барои корҳои барқарорсозӣ ва сохтмони неругоҳи "Роғун" дар давраи истиқлолият зиёда аз 12,5 миллиард сомонӣ маблағ азхуд карда шудааст.

Интизор меравад, аввалин агрегати нерӯгоҳи Роғун дар Тоҷикистон 16 ноябр дар Рӯзи президент дар Тоҷикистон ифтитоҳ мешавад.

819