Ҷаноза. Акс аз бойгонӣ

Ҷасади ду зиндонбонро ба хок супурданд

1095
Зиндонбонҳо яке зодаи шаҳри Хуҷанд ва дигаре аз ноҳияи Масчоҳ будаанд. Пештар дар бораи кушта шудани 27 тан дар пайи исёни маҳбусон дар зиндони рақами 3/3 шаҳри Хуҷанд хабар дода шуд

ДУШАНБЕ, 8 ноя — Sputnik. Ҷасади ду зиндонбонро, ки дар пайи ошӯби маҳбусон дар боздоштгоҳи рақами 3/3 шаҳри Хуҷанд кушта шуда буданд, ба хок супурданд, хабар медиҳад манбаи Sputnik Тоҷикистон.

Бино бар иттилои манбаъ, ду посбони зиндон - як Эҳсон Ёқубзода аз ноҳияи Масчоҳ ва дигаре Мирсаид Қодиров зодаи шаҳри Хуҷанд дар зодгоҳҳояшон ба хок супурда шуданд.

Пештар хабар дода шуд, ки дар пайи исёни зиндониён дар Хуҷанд 25 маҳбус ва ду корманди зиндон кушта шуданд. Ҳоло мақомоти Тоҷикистон хабари задухӯрд дар зиндони 3/3-ро расман шарҳ надодаанд ва ҳувияти зиндониёни кушташуда эълом нашудааст.

Ёдрас мешавем, шаби чоршанбе, 7 ноябр дар яке аз зиндонҳои Тоҷикистон зиндониён исён бардоштанд. Мақомоти кишвар то ҳол далели ин воқеа ва ҷузъиёти онро эълом накардаанд. Аммо як манбаъ аз Вазорати адлияи Тоҷикистон гуфтааст, барои муайян кардани сабабҳои он гурӯҳи махсус таъсис дода шудааст.

Гуфта мешавад, низоми зиндони мазкур шадид аст ва дар он бо маҳбусон бархурди баде доштаанд.

1095