Пастух со стадом на пастбище, архивное фото

Чӯпони чолок: ҷои нигоҳубини чорво, онҳоро фурӯхта пулҳояшро ба ҷайбаш задааст

429
(Таҷдидшуда 10:08 09.11.2018)
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон як сокни ниҳияи Шаҳринавро дастгир намудааст, ки дар қаллобӣ айбдор мешавад

ДУШАНБЕ, 9 ноя — Sputnik.  Бино бар иттилои Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, кормандони милитсия ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ марди 44-солаи сокини ноҳияи Шаҳринавро бо гумони қаллобӣ дастгир намуданд.

Ба гуфтаи манбаъ, марди дастгиршуда, моҳи июли соли 2014 бо роҳи фиреб ба боварии марди 37-солаи сокини ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе даромада, 457-сар чорвои майдаи шохдорро барои нигоҳубин гирифта, ба маблағи 320 ҳазор сомонӣ фурӯхта, маблағҳояшро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.

Дар ҳоли ҳозир нисбати номубрда аз тарафи Додситонии кулли Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот чӯпони чолок идома дорад.

429
Барчаспҳо:
қаллобӣ, Душанбе, чолокӣ, чӯпон, ВУД ҶТ, Тоҷикистон