Девушки аплодируют президенту Таджикистана

Баргузории ҳамоиши ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

66
Силсилаконфронсҳои илмӣ – амалӣ таҳти унвони “Пешвои миллат- бунёдгузори сиёсати давлатии ҷавонон: иштироки ҷавонон дар ҳаёти ҷомеа ва нақши онҳо дар таҳкими муносибатҳои идорӣ” аз тарафи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон ташкил шудааст

ДУШАНБЕ, 9 ноя — Sputnik.  Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон рӯзҳои 12-13 ноябри соли равон дар вилоятҳои Суғду Хатлон, ВМКБ ва  шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ силсилаконфронсҳои илмӣ – амалӣ баргузор мегардад, иттилоъ додааст  Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон.

Дар конфронси мазкур иштироки олимони ҷавон, коршиносони соҳа ва собиқадорони ҷангу меҳнат дар назар аст.  

Ба иттилои манбаъ, шурӯъ аз 1 то 16 ноябри соли равон  дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёна, миёнаи касбӣ ва олии ҷумҳурӣ, муассисаҳои варзишӣ суҳбату мулоқотҳои масъулини Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш доир ба хизматҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ бо иштироки васеи ҷавонон роҳандозӣ шудааст.

Бахшида ба ин сана  дар марказҳои фарҳангӣ – фароғатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ таҳти унвони “Пешвои миллат- рамзи иттиҳоду сарҷамъӣ ва саодату осудагии мо ҷавонон” бо иштироки фаъолону сокинон ҳамоишҳо доир карда мешаванд.

Ҳамчунин  то 16 ноябр баргузории суҳбатҳои “мизи мудаввар”, аксияҳои  тарғиботӣ-ташвиқотӣ, мулоқот, намоиши филмҳои ҳуҷҷатӣ, барномаҳои фарҳангӣ бо иштироки сарояндагони маъруф, мусобиқаҳои варзишӣ ва намоиши дастовардҳои ҷавонони кишвар дар назар дошта шудааст.

Ёдовар мешавем, ки аз соли 2016 инҷониб 16  ноябр дар ҷумҳурӣ ҳамчун Рӯзи Президент  таҷлил карда мешавад.  

66
Барчаспҳо:
Президент, ҳамоиш, ҷавонон, Тоҷикистон