Центр борьбы с терроризмом и экстремизмом при МВД РТ

Дар Тоҷикистон Маркази муқовимат бо терроризм ифтитоҳ шуд

304
Бинои Маркази Маркази муқовимат ба терроризм, экстремизм ва сепаратизми ВУД-ро раисҷумҳури Тоҷикистон ифтитоҳ кард

ДУШАНБЕ, 9 ноя — Sputnik. Имрӯз, 9 ноябр дар кӯчаи Айнии ноҳияи Шоҳмансур бо иштироки раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустам Эмомалӣ бинои Маркази муқовимат ба терроризм, экстремизм ва сепаратизми Вазорати умури дохила ифтитоҳ шуд. Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар медиҳад.

Иншоот аз бинои асосӣ, меҳмонхона, майдончаҳои варзишӣ ва инчунин нуқтаи назорати гузаргоҳӣ иборат мебошад. Масоҳати умумии иншоот ба 14 ҳазору 351 метри мурабаъ баробар аст.

Бинои асосии Маркази муқовимат ба терроризм, экстремизм ва сепаратизм  аз чор ошёна ва таҳхона иборат мебошад. Бино аз қисми навбатдорӣ, утоқҳои корӣ, таълимӣ, маҷлисгоҳ ва дигар инфрасохтори ёрирасон иборат аст.

Пештар хабар дода шуд, ки дар Душанбе бинои нави маъмурии ВУД Тоҷикистон ифтитоҳ шуд.

Ҳамчунин раисҷумҳури Тоҷикистон ба чанд корманди ВУД рутбаҳои махсус дод.

Ёдрас мешавем, фардо 10 ноябр дар кишвар Рӯзи имлиса таҷлил мешавад.

304