Фестиваль плова в Худжанде

Дар Душанбе 7 ошпаз як тонна оши палав пухтанд

1516
(Таҷдидшуда 10:25 10.11.2018)
Бахшида ба ҷашнвораи “оши палав” дар пойтахти Тоҷикистон, 7 ошпаз бори аввал дар ин ҷашнвора дар як дег як тонна ош пухтанд

ДУШАНБЕ, 10 ноя — Sputnik. Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҷашнвораи "Оши палав" баргузор мегардад.

Ҷашнвораи “Оши палав” дар боғи ба номи Абулқосим Фирдавсӣ доир мешавад.

Абдураҳмон Раҳмонов, рӯзноманигор ва яке аз фаъолони Фейсбук дар саҳифаи худ аз ҷараени ошпазӣ гузориши акси додааст ва навиштааст, ки пухтани як тона оши палав соати 12 шаб дар Боги фархангии ба номи Фирдавси шурӯъ шуда буд.

“7-нафар ошпази моҳир ба пухтани оши палав оғоз карданд. Ин оши рамзии фестивали "Оши палав"-и Душанбе аст, ки дар он 1 тона махсулот, аз ҷумла 250 кило  биринч, 200 кило гушт 350 кило сабзи ,40 литр равгани загер,50 литр равгани офтобпараст,30 кило пиез , 1 кило зира, 1 кило мурч,5 кило мавиз 1 кило ғурраи зелол масраф гардидааст”, - таъкид намудааст Абдураҳмон дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук.

Инчунин вай афзудааст, ки ошпазхо бори аввал дар Душанбе 1 тонна Оши паав мепазанд.

Феситвали Оши палав соати 10 рӯз дар боғи ба номи Абулқосим Фирдавсӣ доир мешавад. Дар он ошпазхо аз ҳама гушаву канори кишвар ширкат мекунанд ва қарор аст, дар ин ҷашнвора 400 деги оши палав пухта шавад.

Дар маҷмуъ дар ин фестивал 10 тонна Оши палав омода мешавад.

1516
Барчаспҳо:
боғи нав, боғ, Душанбе, ҷашнвора, оши палав, Тоҷикистон
Преступник за решеткой

Падарро корд задааст: додгоҳи Хуҷанд ҳукми зиндони як сокини маҳаллиро содир кард

16
(Таҷдидшуда 14:01 05.07.2020)
Додгоҳи шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд як сокини маҳаллиро бо ҷурми корд задани падараш равонаи зиндон кардааст

ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Тибқи иттилли дафтари матбуотии додгоҳи Хуҷанд писра барои як корд ба шиками падараш задан 12 солу 6 моҳ равонаи зиндон гашт.

Ба иттилои манбаъ, судшаванда К.Ф.С. қаблан низ барои се сол зиндонӣ шуда  соли 2018 ба озодӣ баромадааст.

Манбаъ мегӯяд шаҳрванд К.Ф.С санаи 25 марти соли 2020 тахминан соати 21-08 дақиқа дар ҳолати мастӣ бо собиқ ҳамсараш К.М.О дар манзили истиқоматиаш воқеъ дар шаҳри Хуҷанд, вохӯрда, нисбаташ дашномҳои қабеҳ зада, хоҳиши тарк кардани манзили истиқоматиашро намуда, баъдан вориди ҳуҷраи хоби падараш шудааст.

“Ин вақт, падараш К.С.У. омада, аз чунин муносибати ӯ хабардор шуда, нисбаташ дашном карда, ба сару рӯяш бо ду-се шапалоқ задааст”,-афзудааст манбаъ.

Писар бошад аз сабаби он, ки дар ҳолати мастӣ қарор дошт, ба ғазаб омада, бо корд як маротиба ба тарафи чапи шиками падараш задааст, мегӯяд манбаъ.

“Занма рӯз намедиҳад”: чаро Холалӣ падарашро кушт-видео

Гуфта мешавад суди шаҳри Хуҷанд дар содир намудани ҷиноят бо моддаи 110 қисми 3 банди “б” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрванд К.Ф.С-ро гунащгор гунаҳкор дониста, ба вай бо ҳамин модда ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати 12 солу 6 моҳ, бо адои ҷазо дар колонияи  ислоҳии дорои низомаш сахт таъин  карда шудааст.

16
Девушка в наручниках, архивное фото

Маст буд: боздошти Ҷононаи 24 - сола барои латукӯб ва таҳқири ду хоҳар дар Душанбе - навор

228
Ҷавондухтари 24 - сола дар ҳолати сархушӣ дар ҷойи ҷамъиятӣ ду хоҳарон - дугоникҳоро латукӯб намуд ва бо суханони дағал таҳқир кард

ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Чанд рӯз қабл навори муноқишаи як духтар дар ҳолати мастӣ бо ду хоҳар - дугоникҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ чарх мезад ва корбарон аз рафтори норавои ҷавондухтар шадидан изҳори нигаронӣ мекарданд.

Бо дастрас шудани ин навор ба идораи пулиси Душанбе, кормандони ин ниҳод ҷавондухтари авбошро дастгир намуданд.

Бар хабари котиботи Раёсати умури дохила дар шаҳри Душанбе, авбошдухтар Сайфидинова Ҷононаи 24 - сола, зодаи ноҳияи Нуробод, деҳаи Оби Гарм, муваққатан истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе мебошад.

Кордзанӣ дар маҳалаи Зарнисор: милитсия ҷавони 21-соларо дастгир кард

Номбурда рӯзи 2 - юми июл дар ҳолати сархушӣ ҳангоми дар кӯчаи Саъдӣ Шерозӣ рӯ ба рӯи "Корхонаи нассоҷӣ" қарор доштанаш бо хоҳарон-дугоникҳо шаҳрвандон Балосова Фотима ва Зуҳро муноқиша намуда, онҳоро мавриди лату куб қарор додааст.

"Ҳамзамон нисбати номбурдагон суханони қабеҳ зада, шаъну шарафи онҳоро дар назди дигар шаҳрвандон паст задаст", - таъкид мешавад дар хабар.

Манбаъ меафзояд, нисбати Сайфиддинова Ҷонона барои дағалона вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ бо моддаи 460 (майдаавбошӣ) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ парвандаи маъмурӣ тартиб дода шуда, нисбаташ бо қарори Суд ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5-шабонарӯз таъин карда шуд.

228
Барчаспҳо:
навор, ҷавондухтар, боздошт, авбошӣ
Министр финансов республики Таджикистан Файзиддин Каххорзода

Ҷалби қариб ним миллиард қарзу грант барои бунёди 68 мактаб дар Тоҷикистон

0
(Таҷдидшуда 14:13 05.07.2020)
Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон созишномаи қарзию грантиро ба тасвиб расонд, ки бар асоси он бунёди 68 мактаб ва 5 бинои маъмурии бахши маориф дар 18 шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон ва шаҳри Душанбе дар назар аст

ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон, зимни муаррифии лоиҳа дар ҷаласаи ахири парлумон гуфт, қарзу гранти мазкур барои татбиқи “Стратегияи миллии рушди маориф” равона мегардад.

Ба гуфтаи ӯ, дар маҷмуъ дар доираи лоиҳа,  равона намудани 46 миллион доллари амрикоӣ, аз ҷумла 30 миллион доллар қарзи Бонки исломии рушд, 10 миллион доллар доллари амрикоӣ гранти Ташкилоти ҳамкории глобалӣ дар соҳаи маориф ва 6 миллион доллар саҳми Ҳукумати Тоҷикистон пешбинӣ шудааст.

Қарз бо чӣ шарт гирифта шуду мактабҳоро дар куҷо месозанд?

Вазири молия афзуд, қарз аз ду сарчашма, маблағҳои қарзии Бонки исломии рушд ба муддати 25 сол, аз ҷумла 7 соли имтиёзӣ бо меъёри хизматрасонии 1,5 фоизи солона ва маблағҳои Фонди ҳамбастагии исломӣ оид ба рушд ба муддати 30 сол, аз ҷумла 10 соли имтиёзӣ бо меъёри хизматрасонии 0,75 фоизи солона дода мешавад.

“Дар доираи лоиҳа сохта ва ба истифода додани 68 мактаб ва 5 бинои маъмурӣ дар соҳаи маориф дар шаҳрҳои Душанбе ва Турсунзода ва дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, аз ҷумла шаҳри Кӯлоб, ноҳияҳои Балҷувон, Темурмалик, Восеъ, Данғара, Муъминобод, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Фархор, Панҷ, Ҷайҳун, Шаҳритус, Шамсиддини Шоҳин, Кушониён, Дӯстӣ, Хуросон ва Вахш пешбинӣ шудааст”, - хабар дод нашрияи парлумонии “Садои мардум” аз қавли Қаҳҳорзода.

Манбаъ таъкид кард, ки татбиқи лоиҳаи мазкур соли 2020 оғоз гардида, анҷоми он соли 2024 ба нақша гирифта шудааст.

0
Барчаспҳо:
грант, қарз, Тоҷикистон