Мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо сафири Чин

Сироҷиддин Муҳриддин аз сафири Чин дар Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ кард

44
(Таҷдидшуда 17:00 10.11.2018)
Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Чин аз ҳамкориҳои мутақобилан судманди ду кишвар, аз ҷумла дар бахшҳои сиёсиву иқтисодивӣ изҳори қаноатмандӣ карданд.

ДУШАНБЕ, 10 ноя — Sputnik.  Рӯзи 10 ноябри соли равон мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Сафири Фавқулода  ва  Мухтори Чин  Юе Бин, бино ба  итмом расидани мӯҳлати кори мавсуф ҳамчун роҳбари намояндагии ин кишвар дар Тоҷикистон,  баргузор гардид.

Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар додааст.

Бино бар иттилои манбаъ тарафҳо зимни мулоқот аз дастовардҳои ду  кишвари ҳамҷавору дӯст ва шарики стратегӣ дар ҷанбаҳои мухталифи ҳамкориҳои мутақобилан судманди ду кишвар, аз ҷумла дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодиву тиҷоратӣ, энергетика, нақлиёт,  саноат, маориф, илмӣ-техникӣ, фарҳангиву гуманитарӣ дар ин давра изҳори қаноатмандӣ карданд.

Тарафҳо инчунин доир ба ҳамкориҳои ду кишвар дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла СММ, ШОС, МҲТБО ва ғайра табодули афкор намуданд.

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон барои саҳми  шоистаи Сафири  Чин дар таҳкими ҳамкориҳои мутақобилан судманди ду кишвар изҳори миннатдорӣ намуда, ба ӯ комёбӣ ва  ба  кишвари дӯсти Чин шукуфоӣ таманно кард.

44
Барчаспҳо:
ҳамкорӣ, шарҳи вазири корҳои хориҷа, мулоқот, Чин, Тоҷикистон