Политолог, ведущий эксперт российского Центра изучения современного Афганистана Андрей Серенко

Коршинос: ДОИШ ҳанӯз дар тобистон нақшаи "ҷиҳод" дар зиндони Хуҷандро кашида буд

856
(Таҷдидшуда 19:06 12.11.2018)
Ошӯб дар зиндониёни Хуҷанд - ин натиҷаи ғояҳои пешгирифтаи ДОИШ (мамнӯъ дар Тоҷикистон) мебошад, тавзеҳ медиҳад коршинос дар масоили Осиёи Марказӣ Андрей Серенко

  Дар зиндони рақами 3 шаҳри Хуҷанд, шаби 7 ба 8-уми ноябр ошӯбе сар зад, ки дар натиҷа дастикам 25 нафар ва мувофиқи баъзе расонаҳои то 47 тан кушта шуданд.

Масъулияти ҳодисаро ДОИШ бар ӯҳда гирифт. Ба гуфтаи коршинос Андрей Серенко ДОИШ (мамнӯъ дар Тоҷикистон) аз тобистон барои пиёда кардани чунин ҳодисаҳои “ҷиҳод дар зиндон" омодагӣ медид.

"Ба воситаи шабакаҳои иҷтимоӣ таблиғгарони ДОИШ бештар ба зиндониён рӯй меоварданд. Онҳо байни худ дар бораи гузаронидани ошӯб ва шӯришҳо нақша мекашиданд. Ҳодисаи Хуҷанд - ин на танҳо ошӯби зиндониёни  норозӣ, балки"ҷиҳод" дар зиндон буд”, - мегӯяд коршинос.

Ба гуфтаи ӯ, дар Қазоқистон ва Қирғизистон зиндониёне, ки барои ифродгароӣ ва террористӣ маҳкум шудаанд, алоҳида нигоҳ дошта мешаванд, зеро як ё ду ифротӣ метавонанд дигаронро низ олуда кунанд.

Тафсилоти бештари коршиносро дар ин маврид аз сабти овозии Sputnik Тоҷикистон гӯш кунед.

856