Ба фарзандони бунёдкорони "Роғун" "Шоҳнома" тақсим карданд

© SputnikVI Международная выставка "Китоби Душанбе"
VI Международная выставка Китоби Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Афзун бар ин ба хонаводаҳои кормандони нерӯгоҳи Роғун асарҳои шоиру нависандагон аз қабили Сотим Улуғзода, Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир ва дигарон тақсим карда шуд

ДУШАНБЕ, 12 ноя — Sputnik. Байни фарзандони бунёдкорони нерӯгоҳи барқи обии Роғун китоб тақсим карданд, хабар медиҳад "Ховар".

"Дар арафаи  ба кор даромадани чархаи нахустини неругоҳи барқи обии "Роғун"  нашиёти "Маориф"-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  3 ҳазору 60 нусха  китоби тозанашрро  ба фарзандони коргарони нерӯгоҳ тақдим намуд", - менависад манбаъ.

Гуфта мешавад, аз ҷумла байни наврасони тоҷик  "Шоҳнома" ва дигар асарҳои шоиру нависандугони тоҷик, аз қабили "Афсонаҳои халқи тоҷик", "Саргузашти Собир"-и Сотим Улуғзода, "Озода шав!", "Наврӯзи ҷаҳонафрӯз", "Панднома"-и Шайх Аттор, "Қобуснома"-и Унсурмаъолии Кайковус, "Суруду навоҳои дилнишин", "Шукуфаҳои сабзи баҳор", "Илҳом аз Шоҳнома"-и Лоиқ Шералӣ, "Боғи момаи Ангур"-и Бозор Собир, "Роғун–кохи нур" тақсим гардид.

Нашрия тасмим гирифтааст, киҳар сари чанд вақт ба китобхонаҳои мактабҳои шаҳри Роғун китобҳои тозанашр эҳдо намояд.

Лентаи хабарҳо
0