Қарори Рустам Эмомалӣ дар бораи ба тартиб даровардани фаъолияти таксиҳо дар Душанбе

© Пресс-служба президента РТМэр города Душанбе Рустам Эмомали, архивное фото
Мэр города Душанбе Рустам Эмомали, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тибқи қарори раиси шаҳр бояд тамоми таксиҳои Душанбе бо намуди якранга фаъолияташонро ба роҳ монанд

ДУШАНБЕ, 13 ноя — Sputnik. Рустам Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе қарореро ба тасвиб расонидааст, ки мувофиқи он дар Душанбе барои таҳияи лоиҳаи намои зоҳирии нақлиёти сабукрави таксӣ озмун эълон карда мешавад.

Бино бар иттилои дафтари матбуоти шаҳрдории Душанбе, озмун бо мақсади бо низом даровардани фаъолияти таксӣ, роҳандозӣ намудани онҳо бо намои зоҳирии якранга дар ҳудуди шаҳри Душанбе, ҳифз ва ҳимояи ҳуқуқи истифодабарандагони хизматрасонии нақлиётӣ гузаронида мешавад.

"Озмуни кушод байни шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии ватанию хориҷӣ барои таҳияи лоиҳаи намои зоҳирии воситаҳои нақлиёти автомобилии сабукрави таксӣ аз 10 ноябри соли 2018 то 10 декабри соли 2018 бо ҷамъбасти он на дертар аз 15 декабри соли 2018, тавассути нашрияҳои ҷумҳуриявию маҳаллӣ ва шабакаҳои интернетӣ эълон карда шавад", - гуфта мешавад дар банди аввали қарор.

Шуъбаи нақлиёти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Осимӣ ӯҳдадор шудаанд, ки ҷиҳати ҷалби беҳтарин лоиҳаҳои намои зоҳирии воситаи нақлиёти автомобилии таксӣ тадбирҳо андешанд.

Ғолибони озмунро 5 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ интизор аст.

Лентаи хабарҳо
0