Противолавинная галерея, архивное фото

Ҳавои сард ва фаромадани меғ: пешбинии обуҳавошиносон барои имрӯз

127
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, дар ағбаҳо фаромадани меғ дар назар аст

ДУШАНБЕ, 15 ноя — Sputnik. Имрӯз дар Тоҷикистон фаромадани меғ ё туман ва дар баъзе минтақаҳо ҳавои сард пешбинӣ карда мешавад, хабар медиҳанд обуҳавошиносони Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрноки тағйирёбанда   дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона -0-5, рӯзона  +6+11  ва дар шарқи ин вилоят шабона -13-18   ва рӯзона -0-5 дараҷа сард  мешавад.

Дар вилояти Суғд  ҳавои абрноки  тағйирёбанда шуда,  дар баъзе ҷойҳо фаромадани туман дар назар аст. Шамол аз самти ғарб 4-9  метр   дар як сония мевазад.  Ҳаво дар водиҳо шабона —0+5  ва рӯзона  8+13   дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои абрноки  тағйирёбанда  шуда, дар водиҳо шабона 1+6 ва рӯзона +12+17   дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрнок шуда, дар ағбаҳо фаромадани туман дар назар аст.    Ҳарорат шабона 0+5  ва рӯзона  ба  11+16  дараҷа гармӣ мерасад.

Дар шаҳри Душанбе ҳаво абрноки тағйирёбанда буда, ҳарорат  шабона +1+3  ва рӯзона +13+15  дараҷа гарм мешавад.

127
Барчаспҳо:
тағйирёбанда, меғ мефарояд, ҳавоӣ, Тоҷикистон