Раиси шаҳри Хуҷанд дар кучаҳои шаҳр маводҳои иттилоотӣ паҳн намуд

© Дафтари матбуотии раиси шаҳри ХуҷандАвтобусҳои нав аз Русия ба Хуҷанд ворид шуданд
Автобусҳои нав аз Русия ба Хуҷанд ворид шуданд - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҷавонони Хуҷанд бахшида ба таҷлили бошукуҳи Рӯзи Президенти Тоҷикстон ва ба истифода додани агрегати якуми НБО "Роғун" аксияи ҷумҳуриявӣ таҳти унвони "Бо Президентам ифтихор мекунам!" ва "Роғун ояндаи дурахшони мо!" ташкил намуданд

ДУШАНБЕ, 16 ноя – Sputnik. Имрӯз дар шаҳри Хуҷанд бахшида ба таҷлили бошукуҳи Рӯзи Президенти Тоҷикстон ва ба истифода додани агрегати якуми НБО "Роғун" бо ибтикори бахши Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Хуҷанд дар якҷоягӣ бо Кумитаи иҷроияи Ҳизби ХДТ дар шаҳри Хуҷанд "Созандагони Ватан", аксияи ҷумҳуриявӣ ташкил ва баргузор намуданд.

Дар ин бора дафтари матбуоти мақомоти шаҳри Хуҷанд хабар додааст.

Бино бар иттилои манбаъ, аксияи ҷумҳуриявӣ таҳти унвони "Бо Президентам ифтихор мекунам!" ва "Роғун ояндаи дурахшони мо!" дар марказҳо, кӯчаву хиёбонҳо ва боғҳои фарҳангиву фароғати шаҳри Хуҷанд гузаронида шуд.

“Дар аксияи мазкур тарғиботи зиёда аз 80 нафар ҷавонони фаъол, гирандагони стипендияҳои Президентӣ, Раиси шаҳри Хуҷанд ва волонтёрон иштирок намуданд, дар натиҷа беш аз 500 адад маводҳои иттилоотӣ дар мавзуи "Бо Президентам ифтихор мекунам!" ва "Роғун ояндаи дурахшони мо!" паҳн карда шуд”, - таъкид намудааст манбаъ.

Аксияи мазкур дар доираи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Тоҷикистон сурат гирифт.

Лентаи хабарҳо
0