Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳамроҳи фарзандонаш дар Роғун

Аз рақси Раҳмон зери навои бадахшӣ то оташбозии идона: навори рӯзи дуюми иди "Роғун"

2801
(Таҷдидшуда 11:32 18.11.2018)
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон 17 ноябр дар ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати оғози кори агрегати аввали Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” дар Душанбе аз мардум даъват намуд, ки барқро сарфакорона истифода кунанд

ДУШАНБЕ, 18 ноя — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон зикр кард, ки солҳои охир талабот ба нерӯи барқ дар миқёси ҷаҳон ва минтақа мунтазам афзоиш ёфта истодааст ва тибқи пешгӯии мутахассисон дар давлатҳои ҷаҳон талабот ба он то соли 2030 нисбат ба аввали асри бистуякум қариб чор баробар зиёд хоҳад шуд.

“Афзоиши табиии шумораи аҳолӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ, яъне рушди иқтисоди миллӣ ва афзудани талабот ба нерӯи барқ тақозо мекунад, ки ҳаҷми истеҳсоли он дар кишвар афзоиш дода шавад”, - изҳор дошт раисиҷумҳур.

Ӯ афзуд, ки дар 27 соли соҳибистиқлолӣ истеъмоли нерӯи барқ аз ҷониби аҳолӣ сеюним баробар зиёд гардида, ин рақам соли 2017 ба 5,7 миллиард киловатт-соат расид ва имрӯз беш аз 42 фоизи истеъмоли дохилии нерӯи барқ ба аҳолии кишвар рост меояд.

Раисиҷумҳур таъкид намуд, ки ташаккул додани маданияти сарфакорӣ дар байни аҳолӣ ва ҳамзамон бо ин, истифодаи васеи таҷҳизоту технологияҳои каммасраф яке аз омилҳои муҳимми рушди босуботи иқтисодии кишвар ва хизмати дарозмуддати иншооти бунёдгардидаи энергетикӣ мебошад.

“Яъне ҳамаи мову шумо, ҳамватанони азиз, бояд ба қадри сарватҳои миллӣ, заҳмати бунёдкорони иншооти энергетикӣ ва кормандони соҳа расем”, - изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон.

Раисиҷумҳур хотиррасон кард, ки иқтисодиёт ва мардуми кишвар солҳои зиёд бо сабаби танқисии нерӯи барқ дар фасли сармо азият мекашиданд.

“Норасоии нерӯи барқ тайи солҳои зиёд на танҳо ба иқтисодиёти кишвар, балки ба ҳамаи соҳаву бахшҳои иҷтимоӣ ва сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ таъсири манфӣ расонид”, - гуфт ӯ.

Эмомалӣ Раҳмон изҳори боварӣ кард, ки нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” дар самти истиқлолияти энергетикии кишвар саҳми бузурги худро мегузорад ва рӯзро ба кулли мардуми Тоҷикистон шодбош гуфт.

Дар пайи суханронии раисиҷумҳур барномаи консертӣ ва мушакпарронии идона сурат гирифт.

2801
Мавзуҳо:
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон (153)