Ҳамоишҳои идонаи 17 ноябр дар Душанбе

Дархости кӯмак: Меҳронаи наврас ҳангоми сайри идона дар Душанбе бедарак шудааст

340
Наздикони Меҳрона, як духтари навраси бедаракшуда дар Душанбе аз шаҳрвандон хоҳиш доранд, ки барои пайдо намудани ӯ кӯмак кунанд

ДУШАНБЕ, 18 ноя — Sputnik. Наздикони Меҳрона дар суҳбат бо Sputnik изҳор доштанд, ки ӯ 17 ноябр аз хона берун шуда, бедарак гардидааст.

“Ҳамаи дугонаҳоро пурсидем, пайдо накардем”, - изҳор доштанд онҳо.

Инчунин дар Фейсбук як муроҷиатнома бо акси Меҳрона нашр шудааст, ки дар он аз корбарон барои пайдо намудани ин духтари ноболиғ кӯмак хостаанд.

“Рӯзи 16.11.2018 дар маркази шаҳри Душанбе барои ҷашни “Роғун” баромада дигар барнагашт. Илтимос дар ягон ҷо дида бошед бо мо дар тамос бошед: 987649060; 938131325”, - навишта шудааст дар эълони нашргардида дар гуруҳи фейсбукии "Мо - тоҷикистониён".

Рӯзи 17 ноябр дар Душанбе ҷамъомади тантанавӣ ва ҳамоиши идона ба муносибати фаъолсозии чархаи аввали нерӯгоҳи “Роғун” баргузор шуда буд.  

340