Афганские кишлаки на Таджикско-афганской границе.

Обуҳавошиносон: дар Тоҷикистон ҳавои беборишу тағйирёбанда дар назар аст

54
(Таҷдидшуда 09:35 19.11.2018)
Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи абрнок ва бебориш дар назар аст.

ДУШАНБЕ, 19 ноя — Sputnik.  Ба иттилои Ожонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар дошта шуда, ҳарорат  шабона 3+5  ва рӯзона +13+15  дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ низ ҳавои абрноки тағйирёбандаи бебориш ва баъзан фаромадани меғ дар назар аст. Ҳаво шабона -1+6  ва рӯзона  ба  12+17  дараҷа гарм мешавад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрнок ва  тағйирёбандаи бебориш дар назар  дошта шуда, дар ғарби вилоят шабона 4 — 9 дараҷа хунук ва  рӯзона  6+11  гарм мешавад. Дар шарқи ин вилоят ҳаво шабона 19-24 ва рӯзона -4-9 дараҷа сард  мешавад.

Дар вилояти Суғд  ҳавои абрноки  тағйирёбанда мешавад. Ҳаво дар водиҳо шабона 0+2  ва рӯзона 10+12   дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои абрноки  тағйирёбандаи бебориш  шуда, ҳаво дар водиҳо шабона 1+4 ва рӯзона +9+12   дараҷа гарм хоҳад шуд.

54
Барчаспҳо:
ҳавои тағйирёбанда, тағйирёбанда, гармӣ, Тоҷикистон, обу ҳаво