Дождь, архивное фото

Обуҳавошиносон: имрӯз дар Тоҷикистон боридани борон ва барф дар назар аст

60
(Таҷдидшуда 10:13 20.11.2018)
Имрӯз дар минтақаҳои кишвар ҳаво абрноки тағйирёбанда шуда, дар баъзе ҷойҳо боридани борону барф дар назар аст

ДУШАНБЕ, 20 ноя — Sputnik. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои абрнок шуда,  боридани борону барф дар назар аст, иттилоъ додааст Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, дар баъзе ҷойҳо боридани борону барф   дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона -4+1, рӯзона  +2+7  ва дар шарқи ин вилоят шабона -12-17   ва рӯзона -1-6 дараҷа сард  мешавад.

Дар вилояти Суғд  ҳавои абрноки  тағйирёбанда шуда,  дар водиҳо борон ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ боридани борону барф   дар назар аст.  Шамол аз самти ғарб 4-9   метр   дар як сония мевазад.  Ҳаво дар водиҳо шабона +1+6  ва рӯзона  6+11   дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои абрноки  тағйирёбанда  шуда, боридани борон  дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 3+8 ва рӯзона +10+15   дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрнок шуда, дар водиҳо ва ноҳияҳои кӯҳӣ боридани борон ва барф дар   назар аст.    Ҳарорат шабона ба +1+6  ва рӯзона  ба  7+12  дараҷа мерасад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрноки тағйирёбанда ва боридани борон дар назар дошта шуда, ҳаво  шабона 2+4  ва рӯзона +8+10  дараҷа гарм мешавад.  

60
Барчаспҳо:
борон, барф, тағйирёбанда, ҳаво, Тоҷикистон