Обуҳавошиносон: имрӯз дар Тоҷикистон меғ мефарояд

© Sputnik / Наталья СеливерстоваДождь, архивное фото
Дождь, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрноки тағйирёбанда шуда, боридани борону барф ва фаромадани меғ дар назар аст

ДУШАНБЕ, 21 ноя — Sputnik.  Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво абрнок шуда,  боридани борону барф ва фаромадани меғ ва ё туман дар назар аст, иттилоъ додааст Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрноки тағйирёбанда дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона -1+6, рӯзона  +2+7  ва дар шарқи ин вилоят шабона -15-20   ва рӯзона -0-5 дараҷа сард  мешавад.

Дар вилояти Суғд  ҳавои абрноки  тағйирёбанда шуда,  дар   ноҳияҳои кӯҳӣ шабона боридани  барф ва фаромадани туман   дар назар аст.  Шамол аз самти ғарб 3-8   ва дар баъзе ноҳияҳо то 20-25 метр   дар як сония мевазад.  Ҳаво дар водиҳо шабона -1+4  ва рӯзона  9+14   дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои абрноки  тағйирёбанда  шуда, шабона дар ноҳияҳои кӯҳӣ боридани борон  ва фаромадани туман дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 5+10 ва рӯзона +13+18   дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрнок шуда, дар   ноҳияҳои кӯҳӣ боридани борон, барф ва фаромадани туман дар   назар аст.    Ҳарорат шабона ба +1+6  ва рӯзона  ба  11+16  дараҷа  мерасад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрноки тағйирёбанда ва фаромадани туман  дар назар дошта шуда, ҳарорат  шабона 2+4  ва рӯзона +13+15  дараҷа гарм мешавад.

 

 

Лентаи хабарҳо
0