Встреча главы верхней палаты парламента Таджикистана Махмадсаида Убайдуллоева с узбекским коллегой Нуридинджон Исмоилов

Узбакистон мехоҳад ҳамкориҳои судмандашро бо Тоҷикистон тақвият бахшад

138
Маҳмадсаид Убайдуллоев бо ҳайати баландпояи парлумони Узбакистон масоили рушди муносибатҳои иқтисодию тиҷоратӣ дар соҳаҳои мухталифро баррасӣ намуданд

ДУШАНБЕ, 21 ноя — Sputnik. Раиси Палатаи қонунгузории Олии Маҷлиси Узбакистон Нурдинҷон Исмоиловро,  бо раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев мулоқот намуд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон.

Бино бар иттилои манбаъ, зимни мулоқоте, ки 20 ноябри соли равон баргузор шуд, раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон бо қаноатмандӣ таъкид намуд, ки бо  ташаббусҳои роҳбарони Узбакистону Тоҷикистон муносибатҳои гуногунҷабҳаи ду кишвар беш аз пеш тавсеа, тақвият, таҳким ва рушд намуда, барои пешрафти пайвастаи соҳаҳои гуногуни иқтисодию иҷтимоии кишварҳоямон саҳми беназир мегузоранд.

Маҳмадсаид Убайдуллоев такон бахшидани фаъолияти гуруҳҳои дӯстӣ ва комиссияҳои ҳамкории байнипарламентиро дар татбиқи созишномаю қарордодҳои баимзорасонида, муҳим арзёбӣ намудаааст.

"Парламентҳои кишварҳо барои ташкили заминаи мусоиди ҳуқуқӣ барои рушди муносибатҳои иқтисодию тиҷоратӣ дар соҳаҳои мухталиф чораҳои муассир хоҳанд андешид", - таъкид намудааст Маҳмадсаид Убайдуллоев.

Дар навбати худ зимни мулоқот Нурдинҷон Исмоилов бо қаноатмандӣ аз барқарор гардидани муносибот, бахусус дар бахши гидроэнергетика ва ба истифодадиҳии нахустин агрегати Нерӯгоҳи барқии обии “Роғун”, ёдовар шуд.

Вай гуфт, ки Узбакистон омода аст баҳри татбиқи ҳадафҳои мутақобилан судманд қадамҳои боз ҳам устувор ниҳода, бо истифода аз тамоми имкониятҳо, аз ҷумла тавассути гуруҳҳои дӯстӣ ва комиссияҳои байнипарламентии тарафҳо тадбирҳои мушаххасро ба анҷом мерасонад.

Дар мулоқот тарафҳо бо истифода аз дипломатияи парламентӣ омодагии худро барои истифодаи самараноки он дар доираи созмонҳои байналмилалию минтақавӣ ҷиҳати ҳифзи манфиатҳои миллӣ зикр намуданд.

Инчунин манбаъ таъкид намудааст, ки сафари ҳайатҳои парлумонии ҳарду кишвар дар оянда идома ёфта, барои ба сатҳи баланд расидани ҳамкорию робитаҳои гуногунҷанба нақши муассир хоҳад гузошт.

138
Барчаспҳо:
тақвият, душанбе, Парлумон, ҳамкорӣ, Узбакистон, Тоҷикистон