ДУШАНБЕ, 23 ноя — Sputnik. Имрӯз раиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон бо натиҷагирӣ аз фаъолияти роҳбарони баъзе вазорату идора ва раисони шаҳру ноҳияҳои мамлакат тағйироти кадрӣ ба амал баровард, хабар медиҳад дафтари матбуоти президент.
Бо Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон раисони ноҳияҳои Рӯдакӣ, Тоҷикобод, Данғара, Ховалинг ва ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе аз вазифаҳояшон озод гардиданд.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуфӣ Муҳаммадраҳим – иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, Акрамзода Рустам – иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Рӯдакӣ, Маҳмадшозода Ҳамидулло Ғайратшо – иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Тоҷикобод, Раҳмон Исломиддин Хайриддин – иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ва Акрамзода Парвиз Акрам – иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон таъйин гардиданд.
ДУШАНБЕ, 20 янв — Sputnik. Ҳамакнун давоми 10 шабонарӯз мешавад, ки дар Тоҷикистон сироятшавӣ ба коронаиврус сабт намешавад.
Вазорати тандурустӣ бошад, ҳамарӯза омори ҷадиди коронавирусро нашр мекунад ва рақамҳои сирояту шифоёбӣ ва ҳамчунин фавт аз ин беморӣ бидуни тағйир, такрор меёбанд.
Охирин мавриде, ки сироятшавии се нафар ба коронаиврус сабт гардида буд, рӯзи 10 январ сурат гирифт. Вале вазорат мегӯяд, ки дар ҷумҳурӣ ягон мубталои коронавирус боқӣ намондааст, дар ҳоле, ки аз мариз шудани се нафари охирин ҳамагт 11 рӯз сипарӣ шуд.
Бар тибқи маълумоти Вазорати тандурустӣ дар Тоҷикистон ҷамъан 13 308 нафар гирифтори коронаиврус шуданд, ки аз ин миён аллакай 13 218 нафар шифо ёфтанд.
Аз 13 308 маризи коронавирус дар Тоҷикистон 90 кас фавтида, дигарон шифо ёфтанд
"Аз оғози бурузи коронавирус дар Тоҷикистон 90 нафар ба ҳалокат расиданд", - таъкид мешавад дар хабари манбаъ.
Дар ҳамин ҳол, имрӯз - 20 январ Ситоди ҷумҳуриявӣ расман эълон кард, ки сар аз 1 феврал дари масоҷид ба рӯи намозгузорон боз мешавад.
"Аз 1-уми феврали соли 2021 дар Тоҷикистон баргузории ибодати дастаҷамъона дар иттиҳодияҳои динӣ, аз ҷумла намозҳои ҷумъа дар масҷидҳо бо риояи қатъии қоидаҳои беҳдоштии шахсию чамъиятӣ иҷозат дода мешавад", - омадааст дар хабари Ситоди ҷумҳуриявӣ.
Манбаъ меафзояд, дар сурати риоя нашудани талаботи гигиенаи шахсию ҷамъиятӣ вобаста ба пешгирии бемориҳои сироятӣ, фаъолияти масҷидҳо метавонад масдуд шавад.
ДУШАНБЕ, 20 янв — Sputnik. Аз 1-уми феврали соли 2021 дар Тоҷикистон баргузории ибодати дастаҷамъона дар иттиҳодияҳои динӣ, аз ҷумла намозҳои ҷумъа дар масҷидҳо бо риояи қатъии қоидаҳои беҳдоштии шахсию чамъиятӣ иҷозат дода мешавад.
Дар ин бора имрӯз Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ барои пешгирӣ аз бемории сироятии коронавирус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор қабул намуд.
Абдулқодирзода: шумораи масҷид дар Тоҷикистон дар даврони истиқлол ба 4 ҳазор расид
Дар қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ барои пешгирӣ аз бемории сироятии коронавирус, ки АМИТ "Ховар" нашр кардааст, гуфта мешавад:
Ҳамчунин Ситоди ҷумҳуриявӣ ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони мамлакат мерасонад, ки бо вуҷуди тадриҷан ба эътидол омадани вазъи эпидемиологӣ қоидаҳои гигиенаи шахсиву ҷамъиятиро қатъиян риоя намуда, ҳангоми ибодати дастаҷамъона дар иттиҳодияҳои динӣ, аз ҷумла дар масҷидҳо махсусан дар намозҳои ҷумъа ҳатман аз ниқобҳои тиббӣ истифода намоянд.
Шарҳи расмии Кумитаи дин дар бораи хабари кушода шудани масҷидҳо
"Дар масҷидҳое, ки талаботи гигиенаи шахсию ҷамъиятӣ вобаста ба пешгирии бемориҳои сироятӣ риоя намегардад, фаъолияташон манъ карда мешавад", - таъкид мешавад дар хабар.
ДУШАНБЕ, 20 янв — Sputnik. Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпӣ, футболбозони то 17-солаи тоҷик дар “Ҷоми рушд-2021” бо тимҳои мунтахаби наврасони Белорус, Қазоқистон ва Молдова рақобат мекунад.
“Тими мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо роҳбарии сармураббӣ Аҳлиддин Турдиев дар 17-ум мусобиқаи байналмилалии “Ҷоми рушд-2021”, ки аз 31 январ то 6 феврал дар пойтахти Белорус – шаҳри Минск доир мегардад, иштирок мекунад”, - омадааст дар иттилоия.
Манбаъ афзуд, барои пирӯзӣ дар ин мусобиқа 4 дастаи мунтахаби наврасони соли таваллудашон на бештар аз 2004 талош мекунанд. Дар “Ҷоми рушд-2021” дар Минск футболбозони навраси тоҷик бо ҳамсолонашон аз Қазоқистон (31 январ), Молдова (3 феврал) ва Белорус (6 феврал) бозӣ хоҳанд кард.
Футбол: бозиҳои ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2020 маълум шуд
Мусобиқаи анъанавии зимистона дар толори футболи Минск тибқи системаи даврӣ дар як давр баргузор мешавад. Ғолиб аз рӯи холҳои бадастоварда муайян мегардад, тавзещ дод Кумитаи олимпӣ.