Президент Таджикистана Эмомали Рахмон

Паёми табрикотии Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ

53
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мардуми кишварро бо фарорасии рӯзи Парчами давлатӣ, ки аз соли 2009 инҷониб ҳар сол 24-уми ноябр таҷлил мегардад, табрик гуфт

ДУШАНБЕ, 23 ноя — Sputnik. Ба муносибати рӯзи Парчами давлатӣ раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамватанонро шодбош гуфтааст, хабар медиҳад дафтари матбуотии президенти кишвар.

“Ба ифтихори ин ҷашни фархунда ҳамаи шуморо самимона табрик гуфта, орзуманди он ҳастам, ки Парчами давлатии мо дар фазои орому осудаи мамлакат ҳамеша роҳнамову роҳкушои мардуми шарафмандамон ба сӯи ояндаи неку осуда бошад”, - қайд кардааст сарвари кишвар дар паёми табрикотиаш.

Раисҷумҳури кишвар инчунин афзудааст, ки рӯзи Парчами давлатӣ имсол дар рӯзҳои ба истифода додани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне рӯйдоди воқеан таърихӣ дар ҳаёти мардуми Тоҷикистон таҷлил мегардад.

Сокинони заҳматқарину созандаи мо ба ин дастоварди бузург таҳти парчами парафшони давлати соҳибистиқлоламон ноил гардиданд ва ин иншооти бузурги асрро бо дарки баланди масъулияти ватандорӣ ва умед ба фардои боз ҳам ободу пешрафтаи ватани азизамон бунёд карда истодаанд.

Парчам аз рӯзи қабули он дар радифи Нишони давлатӣ ва Суруди миллӣ ба сифати рамзи давлати соҳибихтиёри тоҷикон ба сарвати муқаддаси маънавии ҷомеаи мо табдил ёфта, хурду бузург ба он бо муҳаббату садоқат нисбат ба Ватан ва давлати миллии худ арҷ мегузоранд.

 

53
Барчаспҳо:
табрик, парчам, Раҳмон, Тоҷикистон
Люди в масках в городе

Омори ҷадиди фавт, сироят ва шифоёбӣ аз коронавирус дар Тоҷикистон давоми як рӯз

135
Вазорати тандурустии Тоҷикистон омори ҷадиди фавт сироят ва шифоёбӣ аз маризии сироятии коронавирусро мунташир намуд

ДУШАНБЕ, 11 июл – Sputnik. Шабонарӯзи гузашта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 49 ҳолати нави сироятёбӣ ба COVID-19 ошкор гардидааст, хабар медиҳад Вазорати тандурустӣ.

Ба ҳамин минвол, шумораи умумии гирифторон ба маризии коронавирус аз 30 - юми апрел то 11 - уми июл ба 6 505 нафар баробар аст.

Баъди марги боз як нафар: сироятёбӣ аз коронавирус дар Тоҷикистон коҳиш ёфт - омори расмӣ

Манбаъ меафзояд, то имрӯз дар мамлакат 5176 нафар ё худ 79,5 дарсади гирифторони COVID-19 шифо ёфтаанд. Ҳамчунин шабонарӯзи гузашта ягон ҳолати фавт аз коронавирус дар ҷумҳурӣ ба қайд гирифта нашудааст ва теъдоди умумии қурбониён 55 нафар арзёбӣ мешавад.

"Шабонарӯзи охир 196 нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 61 нафар пас аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд", — таъкид мешавад дар хабар.

Имрӯзҳо дар 85 беморхонаи ҷумҳурӣ зиёда аз 7 ҳазору 500 табиб ва 25 ҳазор корманди миёнаи тиб сафарбар шудаанд. Ба ғайр аз ин, дар муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии ҷумҳурӣ 7 ҳазору 600 табиб ва зиёда аз 24 ҳазор корманди миёнаи соҳаи тиб бо мақсади дарёфт, пешгирӣ ва расонидани кумаки аввалия ба мардум хизмат мерасонанд.

135
Барчаспҳо:
омор, Тоҷикистон, вазорати тандурустӣ
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Таъсири COVID -19 ба туйҳои арӯсию домодӣ дар Хуҷанд

200
(Таҷдидшуда 16:38 11.07.2020)
Зарфи як моҳ, яъне аз замоне, ки Ситоди ҷумҳурӣ оид ба пешгирӣ ва мубориза бо бемории COVID-19 ба баргузории маъракаҳои туйи домодию арӯсӣ иҷоза дод, дар шаҳри Хуҷанд 47 ҳолати бастани ақди ниқоҳ сабт шудааст

ДУШАНБЕ, 11 июл – Sputnik. Масъулони Идораи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ (ЗАГС) дар шаҳри Хуҷанд мегуянд, бемории COVID - 19 ҳатто ба баргузории маросимҳои ақди никоҳ таъсири худро расондааст.

Фирӯза Раҳимӣ, мудири хонаи ақди никоҳ дар Хуҷанд гуфтааст, ки танҳо дар як моҳи охир аз замоне, ки Ситоди мубориза бо COVID – 19 барои баргузории туйҳои арӯсию домодӣ иҷоза дод, дар шаҳри Хуҷанд дар умум 47 мавриди бастани ақди ниқоҳ доир шудааст. Бино ба гуфтаи Раҳимӣ, ин теъдод назар ба моҳҳои гузашта ба маротиб кам будааст.

Ду тӯй дар як хонавода: арӯс ва 12 меҳмон мубталои коронавирус шуданд

Ситоди пешгирӣ ва мубориза бо бемории COVID – 19 баъд аз як моҳу бист рӯзи мутавақиф гузоштани маъракаҳои мардумӣ, рӯзи 20-уми июн бо муқарраротҳои нав аз қабили риояи бастани ниқоб барои ҳамаи иштирокчиён ва танҳо баргузор намудани як маърака дар як рӯз ва он ҳам бо иштироки то 100 нафар, дар маҳалла ва тарабхона ба баргузории туйҳои арӯсию домодӣ иҷоза дод.

Абдуғаффор Ҷабборов, сардори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии Суғд чанде пеш дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки риояи ин муқарраротҳо дар вақти баргузории маъракаҳо, аз сӯи кормандони ин ниҳод дар шаҳру ноҳияҳо назорат мешавад.

"Ба ҳамаи роҳбарони туйхонаҳо пешниҳод дода шудааст, ки баргузории маъракаҳоро дар доираи муқарраротҳои Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба мубориза бо COVID-19 доир намоянд. Даромад бо ниқобҳои муҳофизатӣ барои ҳар як иштирокчии туй, ҳатто арӯсу домодро назорат кунанд, фосилаи ҷои нишаст барои иштирокчиёнро нигоҳ доранд. Инчунин дар даромадгоҳҳо бояд дастгоҳҳои ҳароратсанҷ (тепловизор) фаъол карда шуда, маводи антисептикӣ, дастмолҳои яккарата ва маводи дастшӯӣ (собун) таъмин карда шавад", - гуфт Ҷабборов.

Ҳоло волидоне, ки барои баргузории туйи фарзандонашон зарурат доранд, тибқи муқарраротҳои Ситоди пешгирии COVID – 19 дар доираи маҳдуд баргузор мекунанд. Аммо бархеи дигар интизор доранд, ки “вируси корона” ба пуррагӣ маҳв гардад ва онҳо туйи аъзои хонаводаи худро дар доираи васеъ ва бидуни ниқоббандӣ доир кунанд.

Дар Тоҷикистон ҳамасола то 60 ҳазор бастани ақди никоҳ ба қайд гирифта мешавад, ки аз ин шумор бештар аз 23 ҳазор маврид ба вилояти Суғд рост меояд.

200
Барчаспҳо:
тӯй, Хуҷанд
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Режими ниқоб: назорати шадиди пулис дар Душанбе - акс

0
(Таҷдидшуда 18:10 11.07.2020)
  • Новобаста аз гармии тоқатфарсо  кормандони пулис дар сари роҳ истода, мошинҳоро манъ намуда, мусофиронро тафтиш мекунанд
  • Кормандони пулис мусофиронро як ба як тафтиш мекунанд, ки кадоме бидуни ниқоб савори нақлиёт шудааст
  • Дар бештарин мавридҳо, мусофирон бо ниқоб вориди нақлиёт мешаванд
  • Риояи режими ниқобпӯшӣ аз ҷониби шаҳрвандон
  • Кормандони пулис асосан нақлиёти ҷамъиятиро манъ мекунанд
  • Ба ҳар як ронанда иловатан фаҳмонда мешавад, ки ба риояи режими ниқоб диққати махсус диҳанд
  • Ронандаҳо новобаста аз гармӣ  режими ниқобро вайрон намекунанд
Дар Душанбе новобаста аз гармии тоқатфарсо ба хотири таъмини солимии шаҳрвандон аз маризии ҳамагири коронавирус, пӯшидани ниқоб ҳатмист

Режими ниқобро дар Тоҷикистон кормандони пулис шадидан назорат мекунанд. Дар тамоми боғу гулгаштҳо, кӯчаву хиёбонҳо кормандони пулис истода риоя шудани ин режимро аз ҷониби шаҳрвандон назорат мекунанд.

Таъсири COVID -19 ба туйҳои арӯсию домодӣ дар Хуҷанд

Гуфта мешавад, аз ҳама беш дар дохили нақдиёти ҷамъиятӣ ба ин режим аҳамият медиҳанд. Кормандони милитсия анқариб ҳамаи нақлиётҳоро манъ намуда, мусофиронро як ба як тафтиш мекунанд, ки кадоме аз онҳо бидуни ниқоб сафори нақлиёт шудааст.

Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон ҳамакнун  барои напӯшидани ниқоб дар ҷойҳои ҷамъиятӣ шаҳрвандонро аз 116 то 290 сомонӣ ҷарима кунанд.

0
  • Новобаста аз гармии тоқатфарсо  кормандони пулис дар сари роҳ истода, мошинҳоро манъ намуда, мусофиронро тафтиш мекунанд
    © Sputnik / Амир Исаев

    Новобаста аз гармии тоқатфарсо кормандони пулис дар сари роҳ истода, мошинҳоро манъ намуда, мусофиронро тафтиш мекунанд

  • Кормандони пулис мусофиронро як ба як тафтиш мекунанд, ки кадоме бидуни ниқоб савори нақлиёт шудааст
    © Sputnik / Амир Исаев

    Кормандони пулис мусофиронро як ба як тафтиш мекунанд, ки кадоме бидуни ниқоб савори нақлиёт шудааст

  • Дар бештарин мавридҳо, мусофирон бо ниқоб вориди нақлиёт мешаванд
    © Sputnik / Амир Исаев

    Дар бештарин мавридҳо, мусофирон бо ниқоб вориди нақлиёт мешаванд

  • Риояи режими ниқобпӯшӣ аз ҷониби шаҳрвандон
    © Sputnik / Амир Исаев

    Риояи режими ниқобпӯшӣ аз ҷониби шаҳрвандон

  • Кормандони пулис асосан нақлиёти ҷамъиятиро манъ мекунанд
    © Sputnik / Амир Исаев

    Кормандони пулис асосан нақлиёти ҷамъиятиро манъ мекунанд

  • Ба ҳар як ронанда иловатан фаҳмонда мешавад, ки ба риояи режими ниқоб диққати махсус диҳанд
    © Sputnik / Амир Исаев

    Ба ҳар як ронанда иловатан фаҳмонда мешавад, ки ба риояи режими ниқоб диққати махсус диҳанд

  • Ронандаҳо новобаста аз гармӣ  режими ниқобро вайрон намекунанд
    © Sputnik / Амир Исаев

    Ронандаҳо новобаста аз гармӣ режими ниқобро вайрон намекунанд

Барчаспҳо:
акс, назорат, пулис, Душанбе