Здание посольства США в Душанбе, архивное фото

Иштибоҳ кардем: вокуниши сафорати Амрико ва пӯзиши Кумитаи дин

1213
Кумитаи дини Тоҷикистон дар як номае ба хабаргузории "Ховар" аз хонандаҳо пӯзиш хостааст, ки дар матни вокуниши Кумита, ба ҷои Комиссияи Амрико доир ба озодии байналмилалии динӣ, Департаменти давлатии Амрико ё Вазорати корҳои хориҷа навишта шудааст

ДУШАНБЕ, 24 ноя — Sputnik.  Кумитаи дини Тоҷикистон аз сафорат ва хонандаҳо пӯзиш хостааст, ки дар матни вокуниши Кумита, ба ҷои Комиссияи Амрико доир ба озодии байналмилалии динӣ Департаменти давлатии ин кишвар навишта шудааст.

“Ба маълумоти шумо мерасонем, ки дар матни вокуниши Кумита вобаста ба озодиҳои динӣ, ки дар сомонаи “Ховар” нашр гардид, саҳван ба ҷои Комиссияи Амрико доир ба озодии байналмилалии динӣ Департаменти давлатии Амрико навишта шудааст. Аз ин лиҳоз, аз шумо хоҳиш менамоем, ки матни мазкур бо назардошти иштибоҳи зикршуда таҳрир карда шавад”, - таъкид кардааст кумита.

Пӯзиши Кумитаи дин баъд аз он сурат гирифт, ки намояндаи сафорати Амрико дар Тоҷикистон Ҷеф Риденор ба хабаргузории "Ховар" номае ирсол намудааст, ки дар он аз иштибоҳи Кумитаи дини Тоҷикистон таъкид шудааст.

Корманди сафорат дар номаи худ афзудааст, гузорише, ки Кумитаи дин бар он вокуниш нишон додааст моли Департаменти давлатии Амрико нест.

“Мехостам роҷеъ ба мақолаи интиқодии Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар сомонаи агентии миллии иттилоотии “Ховар”  зери сарлавҳаи “Иҷозатнома барои риш?!” чоп шудааст, як нуктаи муҳимро баён кунам. Ин гузориш гузориши Департаменти давлатии Амрико нест. Гузорише, ки Кумитаи дин ба он такя мекунад, гузориши Комиссияи ИМА оид ба озодии байналмилалии динӣ (USCIRF) мебошад”, - таъкид намудааст короманди сафорати Амрико дар Тоҷикистон.

Вай инчунин иддаои Кумитаи дин, ки гӯё Департаменти давлатӣ доир ба озодии динӣ бо Ҳукумати Тоҷикистон гуфтушунид намекунад, қатъиян рад кардааст.

Вай гуфтааст, ки ҳукумати Иёлоти Муттаҳида дар омода намудани гузориши Департаменти давлатӣ доир ба озодии динӣ бо Ҳукумати Тоҷикистон гуфтушунид мекунад.  

1213
Барчаспҳо:
узрхоҳӣ, иштибоҳ, кумитаи дин, Амрико, Тоҷикистон