Путешественник, архивное фото

Дар нӯҳ моҳ ба Исфара беш аз 25 ҳазор ҷаҳонгард рафтааст

120
Дар давоми нуҳ моҳи соли равон аз минтақаҳои таърихӣ ва истироҳатгоҳои шаҳри Исфара беш аз 25 ҳазор ҷаҳонгарди дохилию хориҷӣ боздид намуданд.

ДУШАНБЕ, 26 ноя — Sputnik. Бино ба иттилои Мақомоти вилояти Суғд, давоми нуҳ моҳи соли равон 25 287 сайёҳи дохилию хориҷӣ бо мақсади сайру саёҳат ва истироҳату табобат аз минтақаҳои таърихӣ ва истироҳатгоҳи шаҳри Исфара боздид намуданд.

Бино бар иттилои манбаъ, сайёҳони хориҷӣ асосан аз Русия, Узбакистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Афғонистон, Австрия, Шветсия, Эрон ва Арабистони Саудӣ мебошанд.

Ба иттилои манбаъ бо назардошти нақши соҳаи сайёҳӣ дар баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум дар “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар шаҳри Исфара харитаи ҳунарҳои мардумӣ таҳия гардида, дар нуҳ моҳи сипаришуда 8 маротиба намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ гузаронида шудааст.

120
Барчаспҳо:
сайёҳони рус, сайёҳ, Исфара, ҷаҳонгардон, Тоҷикистон