Эмомалӣ Раҳмон дар боғи Фирдавсии Душанбе, акс аз бойгонӣ

Эмомалӣ Раҳмон: соли 2019 дар Душанбе 8 гулгашту 58 майдончаи нав бунёд мешаванд

271
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, гуфт, соли 2019 то ҷашни Истиқлолият дар кишвар 8 гулгашту 58 майдончаи варзишии замонавӣ бунёд мегарданд

ДУШАНБЕ, 29 ноя — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ин нуктаро имрӯз, 29 ноябр зимни ҷаласаи Ҳукумат баён кард.

Раисиҷумҳур аз татбиқи фармоиши Ҳукумати Тоҷикистон зикр кардааст, ки дар асоси он то ҳол аз ҷониби 86 вазорату идора ва шахсони алоҳида дар шаҳри Душанбе 92 майдончаи варзишию бозии кӯдакон бунёд ва таҷдиду навсозии 12 боғу гулгашт дар сатҳи баланд амалӣ гардид.

Эмомалӣ Раҳмон ба дастандаркорони ин ободкориҳо сипос гуфтааст.

Котиботи раисиҷумҳур афзуд, дар маҷлиси Ҳукумат бо натиҷагирӣ аз ҷамъбасти озмуни ҷумҳуриявӣ ва барои иҷрои сифатноки корҳои бунёду навсозии майдончаҳои варзишӣ ва боғу гулгаштҳо 41 ғолиби озмун ҳавасманд ва бо туҳфаҳо қадршиносӣ карда шуданд.

271