Жители Душанбе убирают снег после снегопада, архивное фото

Резиши борону барф дар аввалин рӯзи зимистон

523
Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда шуда, боридани борону барф ва фаромадани туман дар назар аст.

ДУШАНБЕ, 01 дек — Sputnik. Имрӯз, 1 декабр ва аввалин рӯзи зимистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо боридани борону барф дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона -3-8, рӯзона  +2+7  ва дар шарқи ин вилоят шабона -15-20   ва рӯзона -0-5 дараҷа сард  мешавад.

Дар вилояти Суғд  ҳавои абрноки  тағйирёбанда шуда,   дар баъзе ноҳияҳо боридани борону барф ва фаромадани туман  дар назар аст.   Шамол аз самти ғарб 3-8   ва дар баъзе ҳолатҳо то 10-15 метр   дар як сония мевазад.  Ҳаво дар водиҳо шабона -2+3  ва рӯзона  0+5  дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои абрноки  тағйирёбанда  шуда, боридани борон ва фаромадани туман дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 2+7 ва рӯзона +9+14   дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрноки тағйирёбанда    шуда, дар баъзе ноҳияҳо боридани борону барф ва фаромадани туман дар назар аст. Ҳаво шабона 0+5  ва рӯзона  9+14  дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрноки тағйирёбанда  шуда, ҳарорат  шабона 1+3  ва рӯзона +12+14  дараҷа гарм мешавад.

523