Генерал Назарзода Шариф

Таъкиди генерал Назарзода аз кам шудани талбандагӣ ва либосовезӣ дар долонҳо дар Душанбе

773
Ба гуфтаи сардори раёсат, ин камбудиҳо дар натиҷаи баргузор кардани амалиётҳои "Одоби шаҳрнишинӣ" бартараф карда шуданд

ДУШАНБЕ, 01 дек — Sputnik. Сардори Раёсати ВКД дар Душанбе Шариф Назарзода дар мулоқот бо раисони кумитаи маҳаллаҳои Душанбе таъкид намуд, ки дар пайи фаъолияти гурӯҳи таблиғотии одоби шаҳрнишинӣ баъзе камбудиҳо бартараф карда шуданд. Дар ин бора дафтари матбуоти раёсат хабар медиҳад.

"Масъулини шаҳрдорӣ ва дигар мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва раисону фаъолони кумитаи маҳаллаҳо дар тамоми ҳудуди пойтахт амалиёти маърифативу профилактикии “Одоби шаҳрнишинӣ” роҳандозӣ карда, дар ҷараёни он  ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидаанд", - изҳор доштааст вай.

Генерал Назарзода таъкид кардааст, ки дар пайи фаъолияти гурӯҳи корӣ оворагардию талбандагӣ, савдои кӯчагӣ, риоя накардани талаботҳои санитарию гигиенӣ зимни ба фуруш баровардани маҳсулоти хурока, овезон намудани либос дар пештоқи (балкон) биноҳои баландошёна, риоя накардани пушидани либоси ягона аз ҷониби фурушандагони баъзе аз марказҳои савдо ва бозорҳо  бартараф карда шуд.

Ба гуфтаи вай, фаъолияти ин гурӯҳ боз ҳам ҷоннок карда мешавад.

Ёдрас мешавем,  қарори махсуси раиси шаҳри Душанбе  “Дар бораи таъсис додани гурӯҳи таблиғотӣ оид ба тарғиби одоби шаҳрнишинӣ, густариши корҳои ободонӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии сокинони шаҳри Душанбе”  30 январи соли 2018 ба тасвиб расида буд.

773
Девочка плачет, архивное фото

"Фарзандбезор нестам": модари кудаконе, ки аз дасти падар озор медиданд, наздашон меояд

23
(Таҷдидшуда 16:32 27.05.2020)
Модари ду кӯдаке, ки аз дасти падари худ латукӯб мешуданд, мегӯяд ба Русия танҳо ба хотири пул кор кардан ва соҳиби як сарпаноҳ шудан бо ҳамсар ва фарзандони худ дошт

ДУШАНБЕ, 27 май — Sputnik. Диловар Сафаров блогери тоҷик ахиран бо модари кӯдаконе, ки аз ҷониби падари худ кӯфта мешуданд, ҳамсӯҳбат шуд. Модари ин ду дӯстрӯяк мегӯяд, аз пайи харид кардани чипта аст ва агар имкон пайдо кунад, фавран ба Тоҷикистон бармегардад ва кудаконашро бозпас мегирад.

"Ман модари фарзандбезор нестам. Ман худ аз падару модарам ятим мондам ва кудакони худро бесоябон намемонам", - мегӯяд ӯ.

Модари ин ду тифли бегуноҳ бо овози ларзону гирён қисса намуд, ки дар хонаи шавҳари худ ҳарчанд ғуломвор хизмат мекард, аммо пайваста аз ҷониби ҳамсар ва хушдомани худ озор медид.

"Пас аз он ки ҳамсари ман бо содир намудани ҷинояте пушти панҷара рафт, ман бо маслиҳати хушдоманам ба муҳоҷират рафтам", - гуфт модари кӯдакон.

Ба гуфтаи ӯ, фарзандони худро танҳо ба хотири таъмин кардани онҳо бо хонаи зист тарк кард.

Аммо дар 1 солу чор моҳе, ки аз назди кудакони худ дур буд, тамоми маблағи коркардаи худро бо таҳдиди падари фарзандонаш ба ӯ ирсол мекард.

Ба нақли ӯ, ҳамсараш фарзандони кӯчаки худро мавриди латукӯб қарор медод ва ин лаҳзаҳоро навор бардошта ба вай мефиристод.

"Таҳдид мекард, то маблағ фиристам ва кудаконам беозор монанд".

Қаблан Диловар Сафаров бо хушдоман ва ду кудаки ин модар ҳамсӯҳбат шуда буд ва фарзандони ӯ ба такрор мегуфтанд, ки "додомон хуб аст ва моро намезанад".

Аммо модари кудакон бар ин назар аст, ки онҳоро тарсонданд ва аз тарси ҷони кӯчаки худ ҳама чизро рад мекарданд.

"Ман бармегардам ба назди кудаконам. Онҳо бо дидани ман қувват мегиранд ва тарс низ аз қалби онҳо дур мешавад. Он замон ҳама чизро ба ман такроран қисса мекунанд".

Номбурда ба тамоми мардуми Тоҷикистон барои бетараф набудани онҳо дар қиболи тақдири ду кудакаш изҳори миннатдорӣ намуд ва умед баст, ки дар наздиктарин фурсат ба Тоҷикистон бармегарад ва ҳама чизро равшану возеҳ ба мардум мерасонад.

23
Мужчина с ножом в руках, архивное фото

ВКД: Ноболиғи 17-сола ҳамсолашро бо се зарби корд кушт

131
(Таҷдидшуда 14:37 27.05.2020)
Кормандони милитсияи Тоҷикистон ноболиғи 17 соларо дар ноҳияи Рӯдакӣ, ки дар қатли як ноболиғи дигар гумонбар дониста мешавад, дастгир намуданд

ДУШАНБЕ, 27  май — Sputnik.  Бино бар иттилои дафтари матбуои вазорати умури дохилаи Тоҷикистон кормандони милитсия ноҳияи Рӯдакӣ сокини ҷамоати деҳоти Чимтеппаи ноҳияи мазкурро, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти одамкушӣ дастгир карданд.

Ба иттилои манбаъ ҳодиса шаби 26-уми майи соли ҷорӣ, шабона тахминан соати 00:17-дақиқа рух додааст.

Манбаъ мегӯяд, номбурда, дар назди манзили истиқоматиашон бо ноболиғи 17-солаи сокини ҷамоати деҳоти мазкур ҷангу ҷанҷол карда, бо корди дар дасташ буда 3 -маротиба ба бадани номбурда зада, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

“Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона бурдан дар роҳ ба ҳалокат расидааст”,-афзудааст манбаъ.

ВУД мегӯяд, аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

Ёдовар мешавем кормандони милитсияи ноҳияи Варзоб ноболиғи 17 соларо дар, ки дар қатли як ноболиғи дигар гумонбар дониста мешуд, дастгир намуданд

131
Барчаспҳо:
қатл, ноболиғ, ВКД, Рӯдакӣ, Тоҷикистон