Эълони БДА ба ронандагон: дар ҷумҳурӣ амалиёти "Чароғ" баргузор мешавад

© Sputnik / Амир ИсаевАвтомашина ГАИ Таджикистана, архивное фото
Автомашина ГАИ Таджикистана, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мақсад аз гузаронидани ин чорабинӣ пешгирии ҳодисаҳои роҳу нақлиётӣ вобаста ба вайрон намудани тартиби истифодабарии асбобҳои равшанидиҳандаи берунии нақлиёт, инчунин беҳдошти ҳолати техникии воситаҳои нақлиёт мебошад

ДУШАНБЕ, 01 дек — Sputnik. Раёсати БДА Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба таваҷҷӯҳи шаҳрвандон мерасонад, ки аз 1-ум то 10-уми декабри соли 2018 дар қаламрави ҷумҳурӣ амалиёти "Чароғ" гузаронида мешавад.

Мақсад аз гузаронидани ин чорабинӣ пешгирии ҳодисаҳои роҳу нақлиётӣ вобаста ба вайрон намудани тартиби истифодабарии асбобҳои равшанидиҳандаи берунии нақлиёт, инчунин беҳдошти ҳолати техникии воситаҳои нақлиёт мебошад.
БД аз тамоми ронандагони воситаҳои нақлиёт хоҳиш карда мешавад, ки пеш аз сафар баромадан ҳолати техникӣ, чароғҳои дурбин ва наздикбини воситаи нақлиёти хешро аз назар гузаронанд.

"Зеро ин амал барои бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиёт ва пешгирии садамаҳо, алалхусус дар фасли сармо мусоидат хоҳад кард", - гуфта мешавад дар эълони ВУД.

Лентаи хабарҳо
0