Природа Таджикистана, архивное фото

Обуҳавошиносон: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст

36
(Таҷдидшуда 09:42 03.12.2018)
Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст

ДУШАНБЕ, 3 дек — Sputnik. Ба иттилои Ожонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои абрноки тағйирёбанда  шуда, шабона 2+4  ва рӯзона +13+15  дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрноки тағйирёбанда    шуда, ҳарорат шабона ба 0+5  ва рӯзона  ба  10+15  дараҷа мерасад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрноки тағйирёбанда   дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона -3-8, рӯзона  -1+4  ва дар шарқи ин вилоят шабона -20-25  ва рӯзона -2-7 дараҷа сард  мешавад.

Дар вилояти Суғд  ҳавои абрноки  тағйирёбанда шуда,   ҳаво дар водиҳо шабона 1+6  ва рӯзона  7+12  дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои абрноки  тағйирёбанда  шуда, ҳаво дар водиҳо шабона 1+6 ва рӯзона +11+16   дараҷа гарм хоҳад шуд.

36
Барчаспҳо:
тағйирёбанда, Ожонси обуҳавошиносӣ, обу ҳаво, Тоҷикистон
Здание налогового комитета в Душнабе, архивное фото

Дар Суғд 27,3 миллион сомонӣ пинҳонкории андоз ошкор шуд

36
(Таҷдидшуда 12:33 09.08.2020)
Дар миқёси вилояти Суғд 35 536 нафар соҳибкорони инфиродии бо патент фаъолияткунанда ба қайд гирифта шуда, аз ин ҳисоб ба буҷети давлатӣ 33,0 млн.сомонӣ андозҳо ворид шудааст

 ДУШАНБЕ, 9 авг — Sputnik. Дар Суғд 27,3 миллион сомонӣ пинҳонкории андоз ошкор шуд, гузориш медиҳад "Ховар".

Бино бар иттилои манбаъ, кормандони Раёсати андози вилояти Суғд дар доираи иҷрои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сари вақт пардохт намудани андоз ва ҳолатҳои саркашинамоӣ аз андозсупорӣ давоми шашмоҳаи  якуми соли 2020 нисбат ба фаъолияти 340 соҳибкори инфиродӣ ва шахсони ҳуқуқӣ санҷиши риояи қонунгузории андоз гузарониданд.

"Дар натиҷа ба маблағи 27,3 млн.сомонӣ ҳолатҳои пинҳонкунии андозро ошкор намуда, аз ин ҳисоб 24,6 млн сомониашро ба буҷети давлат ситонидаанд", - тавзеҳ медиҳад манбаъ.

Гуфта мешавад, дар давраи ҳисоботӣ дар самти маҷбуран ситонидани қарзи андозҳо 1531 адад қарор оид ба маҷбуран ситонидани андозҳо ба маблағи умумии 55,9 млн.сомонӣ қабул гардида, аз ин ҳисоб 40,1 млн.сомонӣ рӯёнида шуд, ки   нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 22,6 млн.сомонӣ зиёд мебошад.

Инчунин имрӯз мувофиқи ҳисобот дар миқёси вилояти Суғд 35 536 нафар соҳибкорони инфиродии бо патент фаъолияткунанда ба қайд гирифта шуда, аз ин ҳисоб ба буҷети давлатӣ 33,0 млн.сомонӣ андозҳо ворид гардид.

“Ҳисоби абҷад”: “Талко” қарзҳои андозро ғайривоқеӣ хонд

Шумораи соҳибкорон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 904 нафар зиёд гардидааст. Вобаста ба имтиёзҳои пешбинишуда ҷамъоварии андозҳо нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба маблағи 5,2 млн.сомонӣ коҳиш ёфтааст.

36
Последствия разрушений после селевого потока в Пенджакенте

Обшавии пиряхҳо ва фаромадани сел: ҳушдори Ожонси ҳавошиносӣ аз гармии тоқатфарсо

126
(Таҷдидшуда 12:31 09.08.2020)
Бино ба ҳушдори Ожонси ҳавошиносӣ, боду ҳавои гарми чанд рӯзи охир эҳтимолан боиси фаромадани сел мешавад

ДУШАНБЕ, 9 авг — Sputnik. Ожонси ҳавошиносии Тоҷикистон боду ҳавои гарм дар Тоҷикистонро пешгӯӣ кард.

Бино ба гузориши Ожонси ҳавошиносӣ дар ҳудуди Тоҷикистон то рӯзи 9 август ҳарорати 40 дараҷаӣ боқӣ мемонад.

Ҳушдори Ожонси ҳавошиносӣ аз гармии тоқатфарсо дар моҳи август

Танҳо дар ноҳияи дурдасттарини ВМКБ- Мурғоб ҳарорати ҳаво то 25 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Чунин гармӣ боиси обшавии пиряхҳо шуда, сатҳи дарёҳоро баланд мебардорад ва эҳтимолан боиси фаромадани сел мешавад.

То 44 дараҷа: Ҳушдори Кумита аз гармои шадид давоми чанд рӯзи оянда

Дар ҳудуди вилояти Суғд ва қисмати ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон эҳтимоли обхезӣ вуҷуд дорад.

126
Барчаспҳо:
пирях, гармӣ, Ожонси ҳавошиносӣ
Бухара, старый город

Аз фардо дар Бухоро маҳдудиятҳои карантинӣ бардошта мешавад

0
(Таҷдидшуда 13:21 09.08.2020)
Пештар маҳдудиятҳои карантинӣ дар вилояти Фарғона сабуктар карда шуданд. Аз 3 август дар ин минтақа фаъолияти бозору марказҳои савдо, кошонаи ҳусн ва муассисаҳои хусусии томактабӣ аз сар гирифта шуд

ДУШАНБЕ, 9 авг — Sputnik. Аз 10 август дар ҳудуди Бухоро маҳдудиятҳои карантинӣ пай дар пай бардошта мешавад. Дар ин бора Sputnik Ӯзбекистон бо такя ба ҳокимияти вилояти Бухоро хабар медиҳад.

Аз фардо фаъолияти муассисаҳои зерин иҷоза дода хоҳад шуд:

  • тарабхона, кафе ва дигар маконҳои истеъмоли таом (дар баробари ин баргузории шабнишиҳо ва чорабиниҳои оммавӣ дар дохили онҳо иҷоза дода намешавад);
  • меҳмонхонаҳо;
  • тамрингоҳҳо барои машқи бадан;
  • марказҳои омӯзишии ғайридавлатӣ (дар гурӯҳ набояд беш аз 10 кас ҳузур дошта бошад);
  • кӯдакистонҳои хусусӣ ё ғайридавлатӣ;
  • бозорҳои либоса ва масолеҳи сохтмонӣ;
  • сартарошхонаҳо ва кошонаи ҳусн. 

Пештар маҳдудиятҳои карантинӣ дар вилояти Фарғона сабуктар карда шуд.

Аз 3 август дар ин минтақа фаъолияти бозору марказҳои савдо, кошонаи ҳусн ва муассисаҳои хусусии томактабиро иҷоза доданд.

0
Барчаспҳо:
маҳдудият, қавонин, Бухоро
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон