Дар Қубодиён постгоҳи марзии Уштурмулло ифтитоҳ шуд

© Sputnik / Амир Исаев / Гузариш ба медиабонкПограничный столб. Таджикско-афганская граница.
Пограничный столб. Таджикско-афганская граница. - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар ноҳияи Қабодиён воқеъ дар сарҳади Тоҷикистон бо Афғонистон посгоҳи марзии Уштурмулло ифтитоҳ карда шуд

ДУШАНБЕ, 3 дек – Sputnik. Кордори Сафорати Амрико дар Тоҷикистон Кевин Коверт ҳамроҳ бо фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон, Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, дар маросими кушодашавии посгоҳи марзии Уштурмулло дар ноҳияи Қабодиён, воқеъ дар сарҳади Тоҷикистон бо Афғонистон иштирок намуд.

Здание посольства США в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Иштибоҳ кардем: вокуниши сафорати Амрико ва пӯзиши Кумитаи дин

Дар ин бора Сафорати амрико дар Тоҷикистон иттилоъ додааст.

Бино бар иттилои манбаъ, посгоҳи нав, ки аз ҷониби Бюрои байналмилалии мубориза бо маводи мухадир ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқии Департаменти Давлатӣ ба маблағи 500 ҳазор доллар маблағгузорӣ шудааст, иборат аст аз сарбозхонаҳо, идораи афсарон, ҳоҷатхона, ошхона, чоҳи об ва обанбор барои нигоҳдории об.

Иншооти мазкур маскани се афсар ва 35 сарбози қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон хоҳад буд. 

Посгоҳи Уштурмулло, ки дар асоси созишнома бо Дафтари Созмони Милали Муттаҳид доир ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ сохта шудааст, барои истифода омода аст ва бо лавозимоти рӯзғор, катҳои хоб, асбобу ашёи ошхона ва компютерҳо муҷаҳҳаз гардонида шудааст.

Американские военнослужащие в Афганистане, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Сафорати Русия дар Афғонистон: Амрико бояд аз дурӯғҳояш шарм дорад

“Кордори Сафорати Амрико дар Тоҷикистон Кевин Коверт зимни суханронии худ аз аҳамияти кори сарҳадбононро таъкид ва дастгирии Амрикоро аз ҳукумати Тоҷикистон дар ҳимояи марзҳои худ тасдиқ намуд”, - таъкид намудааст манбаъ.

Сафорати Амрико афзудааст, ки Тоҷикистон шарики муҳимми стратегияи Осиёи Ҷанубии Амрико ба ҳисоб рафта, ки ҳадафи он беҳтар кардани амният, субот ва осоишӣ дар саросари минтақа аст.

Дар ҳамин ҳол, сафорат Аамрико таъкид намудааст, ки ҳукумати кишвараш ҳамкорҳояшро бо Тоҷикистон барои дастгирии амнияту суботи Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ идома меёбад. 

Лентаи хабарҳо
0