Президент Таджикистана Эмомали Рахмон назначил новые кадры в МВД

Тағйироти кадрӣ: аз Шоҳ Искандаров то сардорони нави милиса дар Нораку Данғара - акс

1985
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон кадрҳои навтаъин ба мақомҳои роҳбарикунанда дар Вазорати умури дохилиро ба ҳузур пазируфт

ДУШАНБЕ, 3 дек — Sputnik.  Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, сардорони шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар 23 шаҳру ноҳияҳои мамлакат иваз карда шуданд.

Манбаъ афзуд, сардорони шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Норак, ноҳияҳои Кушониён, Дӯстӣ, Шамсиддини Шоҳин, Данғара, Панҷ, Восеъ ва Муминободи вилояти Хатлон аз ҳисоби кадрҳои ҷавону ботаҷриба ва дорои дараҷаи тахассуси баланд таъин гардиданд. Бо феҳрасти генералу полковникҳоеро, ки имрӯз мақоми нав гирифтанд, метавонед бо зер кардани ин пайванд шинос шавед.

“Сардорони шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Хуҷанд, шуъбаҳои №1 ва 2-и Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Исфара, шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳрҳои Конибодом ва Истаравшан, ноҳияҳои Шаҳристон, Кӯҳистони Мастчоҳ, Айнӣ ва Деваштичи вилояти Суғд низ иваз карда шуданд”, - омадааст дар иттилоия.

Ҳамчунин сардорони шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳрҳои Турсунзода ва Ваҳдат, шуъбаи №1-и Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, ноҳияи Шаҳринав, сардори Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи милитсия”-и Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Кӯлоб ва сардори шуъбаи  Вазорати корҳои дохилӣ дар хатти фурудгоҳи шаҳри Душанбеи раёсати вазорат дар нақлиёт таъин гардиданд.

Генерал Шоҳ Искандаров, собиқ фармондеҳи мухолифин, ки то ҳол сардори идораи милиса дар шаҳри Турсунзода буд, аз ин мақом барканор шудааст. Искандаров ба мақоми сардори ШКД дар шаҳри Исфара таъин гардидааст. 

Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои навтаъиншударо ба кор бо дасту дилу нияти пок барои волоияти қонун, таъмини амният, ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва мусоидат дар раванди созандагию бунёдкорӣ бо меҳнати садоқатмандонаву софдилона даъват кардааст.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон диққати кадрҳоро махсусан ба масъалаи мубориза алайҳи ифротгароӣ, пешгирии ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ва дигар қонуншиканиҳо ҷалб намудааст.

1985