Флаги СНГ, архивное фото

Тоҷикистон дар Маскав шӯрои иқтисодии кишварҳои ИДМ-ро роҳбарӣ мекунад

73
(Таҷдидшуда 15:49 03.12.2018)
Дар доираи шӯрои иқтисодии кишварҳои узви ИДМ, роҳбарияти Тоҷикистон дар соли 2018 дар шӯрои мазкур баррасӣ хоҳад шуд

ДУШАНБЕ, 3 дек — Sputnik. Дар пойтахти Русия 80-умин ҷаласаи иқтисодии кишварҳои узви ИДМ баргузор мегардад, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ.

Қарор аст, ҳамоиши мазкур, ки 7 декабри соли равон баргузор мешавад, роҳбарияти Тоҷикистон дар ин шӯроъ дар соли 2018 баррасӣ шавад.

Бино бар иттилои манбаъ, яке аз масъалаҳои муҳиме, ки дар ҷаласаи мазкур баррасӣ хоҳад шуд, ин ташкили сиёсати рақобатпазир миёни кишварҳои ИДМ дар шароити иқтисоди пешрафтаи рақамӣ хоҳад буд.

Ғайр аз ин ширкаткунандагони ин ҳамоиш масоили молиявӣ ва ҳамкориҳои  нақлиётиро низ баррасӣ хоҳанд кард.

73
Барчаспҳо:
Маскав, Шурои иқтисодӣ, иқтисодӣ, ҳамкорӣ, ИДМ, Тоҷикистон
Медицинские работники в инфекционной больнице

36 кас мариз шуданду 42 тан шифо ёфтанд: омори коронавирус дар Тоҷикистон

80
(Таҷдидшуда 20:22 26.11.2020)
Шабонарӯзи гузашта дар Тоҷикистон аз маризии сироятии коронавирус мавориди фавт ба қайд гирифта нашудааст

ДУШАНБЕ, 26 ноя — Sputnik. Дар як шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ 36 ҳодисаи нави бемории COVID-19 дарёфт гардида, дар маҷмӯъ шумораи гирифторони ин беморӣ дар мамлакат ба 12044 нафар баробар гардид.

Манбаъ ҳамзамон аз шифоёбии 42 нафар пас аз табобат гирифтан хабар медиҳад. Ҳоло теъдоди умумии шифоёфтагон аз коронаиврус ба 11 437 нафар баробар шудааст.

Гузашта аз ин, дар Тоҷикистон аз маризии коронавирус 86 нафар ба ҳалокат расиданд.

Коронавирус нишасти G20 - ро сироят кард. Вале Ғарб ваксинаи Русияро тоқат надорад

Ҳукумати Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ намуда истодаанд.

Зимнан, вазорати мазкур аз тамоми сокинони кишвар даъват мекунад, ки ҷиҳати пешгирии сирояти мазкур пеш аз ҳама  қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя намоянд.

80
Барчаспҳо:
омор, маризӣ, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Сангрезӣ дар Тоҷикистон, акс аз бойгонӣ

Дар ноҳияи Айнӣ ба болои як деҳа сангпора сарозер шуд

748
(Таҷдидшуда 18:46 26.11.2020)
Дар деҳаи Шурмашки ноҳияи Айнӣ аз баландии 250 метр ба болои деҳа сангпора сарозер шуд, ки як сокини маҳаллиро бе хонаву дар гузошт

ДУШАНБЕ, 26 ноя — Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон аз рух додани офати табиӣ дар ноҳияи Айнӣ хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, ҳодисаи мазкур рӯзи 25 ноябр тақрибан соати 12:45 дақиқа рух дод.

Манбаъ меафзояд, бар асари ин ҳодисаи нохуш, манзили як сокини маҳаллӣ, Бердиев Самариддин сахт зарар дидааст. 

Гуфта мешавад, бо дастрас кардани хабари мазкур наҷотбахшон зуд ба ҷойи ҳодиса сафарбар шуданд.

Тарма ва сангрезӣ: пешгӯии дақиқи ҳавошиносон барои имрӯз

Дар робита ба хароб гардидани манзили истиқоматии Самариддин ва дар ҷойи хавфнок ҷойгир буданаш, оилаи зарардидаро ба бинои мактаби деҳа интиқол доданд.

Феълан, комиссия санад ва маълумотнома тартиб дода, барои чораҷӯи ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ пешниҳод намуд.

748
Барчаспҳо:
сангрезӣ, Айнӣ
Театр имени Маяковского в Москве

Намоишномаи театри Тоҷикистонро беш аз 200 ҳазор нафар тамошо карданд

44
(Таҷдидшуда 21:06 26.11.2020)
Намоишномаҳои Ҷашнвораи дуюми театрҳои русии хориҷиро, ки дар Маскав аз 16 то 22 ноябр баргузор шуд, беш аз 1 миллион нафар тамошо карданд

ДУШАНБЕ, 26 ноя — Sputnik. Намоишномаҳои Ҷашнвора тайи тақрибан як ҳафта дар саҳнаи театрҳои “Et Cetera" ва "Современник" намоиш дода шуда, маҷмӯан онҳоро беш аз 1 миллиону 100 ҳазор нафар тамошо карданд, хабар дод котиботи лоиҳа.

Манбаъ таъкид кард, ки дар ин ҷашнвора ҳайати театрҳои русӣ аз Абхазистон, Белорус, Қазоқистон, Молдова, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон иштирок кардаанд. Онҳо асарҳои классикии адабиёти ҷаҳонӣ аз Шекспир то Стейнбекро ба саҳна гузоштанд, ки тариқи онлайн дар интернет низ намоиш дода мешуданд.

Александр Калягин, раиси Иттифоқи ходимони театри Русия, зимни истиқболи иштирокдорони ҷашнвора гуфт, ин ҳамоиш дуюм бор баргузор шуда истодааст, аммо аллакай равобити дӯстию фарҳангиро миёни иштирокдорон ба вуҷуд овардааст.

Тоҷикистонро дар ҷашнвора, Театри драмаи русии ба номи Маяковский намояндагӣ кард, ки дар шаҳри Душанбе аз соли 1937 фаъолият дорад. Ҳайати театри Тоҷикистон дар ҷашнвора намоишномаи “Ҳамлет”-и коргардон Бодурбек Миралибековро иҷро намуданд, ки ба гузориши баргузоркунандагон, онро беш аз 200 ҳазор нафар тамошо карданд.

44
Барчаспҳо:
намоишнома, Русия, Тоҷикистон