Председатель Согдийской области Раджаббой Ахмадзода

Раиси вилдояти Суғд: бо донишҷӯён мулоқот кунед

189
(Таҷдидшуда 16:49 03.12.2018)
Раиси вилояти Суғд ҷадвали вохӯрии раисони шаҳру ноҳияҳо бо донишҷӯёнро ба имзо расонидааст

ДУШАНБЕ, 3 дек — Sputnik.  Аз 5 то 20 декабри соли равон раисони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар маркази вилоят бо донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ мулоқот хоҳанд кард.

Дар ин бора дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Суғд хабар додааст.

Бино бар иттилои манбаъ, ҷадвали вохӯрии раисони шаҳру ноҳияҳо бо донишҷӯён аз ҷониби Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода тасдиқ гардидаст.

Қарор аст, мулоқот бо ҷавонон дар Кохи фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ,  Театри мазҳака-мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ ва Кохи фарҳанги Суғдиён баргузор гардад.

Манбаъ таъкид намудааст, ки зимни вохӯриҳо ба донишҷӯён аз оилаҳои камбизоат таваҷҷуҳи хоса зоҳир дода мешавад. Инчунин, ба онҳо туҳфаҳои солинавӣ тақдим карда мешавад.

189
Барчаспҳо:
вохӯрӣ, мулоқот, ҷавонон, Суғд, Тоҷикистон