Послание Президента РТ Эмомали Рахмона Парламенту. 22.12.2017

Рӯзи пешниҳоди паёми ҳамасолаи Эмомалӣ Раҳмон ба порлумони кишвар муайян шуд

1226
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон паёми ҳамасолаашро ба парлумони кишвар 26 декабри соли равон пешниҳод хоҳад кард

ДУШАНБЕ, 4 дек — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имсол паёми навбатиашро ба парлумони кишвар санаи 26 декабр пешниҳод хоҳад кард, иттилоъ додааст хабаргузории ТоҷикТА.

“Ҷаласаи муштараки Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон, ки дар ҷараёни он Эмомалӣ Раҳмон паёми худро қироат мекунад, дар маҷмааи “Кохи Сомон”-и пойтахт баргузор мешавад”, - иттилоъ додааст хабаргузорӣ дар истиноб ба ҳукумати кишвар.

Инчунин, дар ҷаласа мазкур раисони вилояту шаҳр ва ноҳияҳо, роҳбарони вазорату идораҳои ҷумҳурӣ иштирок хоҳанд кард.

 

1226
Барчаспҳо:
Эмомалӣ Раҳмон, президент, паём, Тоҷикистон